Зарродхонаи шимиёии Либӣ нобуд шуд
Image copyright.Муҳаммад Абдулазиз, вазири умури хориҷаи Либӣ, аз нобудии комили зарродхонаи шимиёии ин кишвар хабар додааст
Ба гуфтаи оқои Абдулазиз кулия бумбҳо ва хумпораи ҳовии гози хардали ин кишвар нобуд шудаанд.
Либӣ даҳ сол пеш эълом карда буд, ки зарродхонаи ин кишвар шомили 25 тун гози хардал ва чандин ҳазор бумб бо қобилияти корбарии шимиёӣ аст.
Ин кишвар бо пайвастан ба Кунвонсиюни таслиҳоти шимиёӣ дар он замон, ба нобуд кардани ин зарродхона мутаъаҳҳид шуда буд.
Оқои Абдулазиз, ки ба ҳамроҳи Аҳмад Узумҷу, раиси Созмони манъи корбурди таслиҳоти шимиёӣ дар як кунфронси хабарӣ суҳбат мекард, аз кумаки Олмон, Конодо ва Иёлоти Муттаҳида дар нобуд кардани таслиҳоти шимиёии кишвараш тақдир кард.
Оқои Абдулазиз гуфт: "Либӣ ба таври комил аз таслиҳоти шимиёие, ки ба таври билқувва метавонист ҷавомеъи маҳаллӣ, муҳити зист ва ҳамсояҳоро таҳдид кунад, раҳо шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин раванд дар 26 январ комил шуд.
Оқои Узумҷу ҳам, ки ҳафтаи пеш бо сафар ба минтақаи Равоқа дар Либӣ аз охирин марҳилаи нобуди таслиҳоти шимиёии ин кишвар боздид карда буд, ин рухдодро намунаи хубе барои талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои нобудии зарродхонаи шимиёии Сурия унвон кард.
Амалиёти нобуд кардани таслиҳоти шимиёии Либӣ аз даврони ҳукумати Муъаммар Қаззофӣ шурӯъ шуд.
Ҳукумати собиқи Либӣ 54 дарсад аз мавҷудии гози хардали худро нобуд карда буд, вале ин амалиёт аз феврали 2011 мутавққиф шуда буд.
Бо барканории Муъаммар Қазофӣ, ҳукумати ҷадиди Либӣ феҳристи тозае аз таслиҳоти шимиёии ин кишварро, ки пештар эълом нашуда буд, ба Созмони манъи корбурди таслиҳоти шимиёӣ ироа дод.
Созмони манъи корбурди таслиҳоти шимиёӣ як созмони мустақил аст, ки бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бар иҷрои кунвонсиюни мусавваб дар соли 1997 нозир бар тавлид ва корбурди ин гуна силоҳҳо назорат дорад.
