Нерӯи дарёии Омрико нафткашеро аз мабдои Либӣ тасарруф кард

  • 17 Март, 2014
Мурнинг ГлурӣImage copyrights
Image caption Ҳанӯз маълум нест ки мақсади Мурнинг Глурӣ куҷо будааст

Нерӯи дарёии Омрико мегӯяд, ки нафткашеро, ки аз як бандари таҳти кунтрули шибҳнизомиёни шӯришӣ дар шарқи Либӣ нафти хом боргирӣ карда буд, тасарруф кардааст.

Дарёсолор Ҷон Кирбӣ, мегӯяд, ки амалиёти юриш ва тасарруфи ин киштӣ дар наздикии савоҳили Кипр ба анҷом расидааст.

Шибҳнизомиёни шӯришӣ аз моҳи августи 2013 то кунун кунтрули се бандари умдаи Либиро ба даст гирифтаанд.

Шибҳнизомиёни ҷудоиталаб хостори саҳми бештаре аз манобеъи нафтӣ ва худмухтории минтақаи торихии "Бирқа" дар шарқи Либӣ ҳастанд.

Нерӯи дарёии Либӣ дар моҳи январ аз паҳлу гирифтани ду нафткаш дар бандари Сидр мамониъат карда буд.

Аммо пас аз он ки як нафткаш бо парчами Куреи Шимолӣ аз бандаре, ки таҳти кунтрули шибҳнизомиён қарор дошт, тавонист пас аз боргирӣ ба обҳои байналмилалӣ фирор кунад, порлумони Либӣ ба Алии Зайдон нахуствазири ин кишвар раъйи адами эътимод дод ва ӯро барканор кард.

Гуфта мешавад ин нафткаш, ки "Мурнинг Глурӣ" ном дорад, дасти кам 234000 бушка нафти хомро аз поёнаи нафтии бандари Сидр боргирӣ кардааст.

Ин аввалин нафткаше аст, ки аз моҳи июл аз манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён тавониста нафти хоми Либиро боргирӣ кунад. Мушаххас нест ки мақсади ин нафткаш куҷо будааст.

Дарёсолор Ҷон Кирбӣ, дар баёнияе эълом кард, ки ин амалиёт бо таъйиди Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ва ба дархости давлатҳои Либӣ ва Кипр ба анҷом расидааст.

Ба гуфтаи ӯ касе дар ҳини амалиёт маҷруҳ нашудааст.

Дар бахше аз ин баёния омадааст: "Мурнинг Глурӣ” ҳомили нафт аст ва мутаъаллиқ ба ширкати миллии нафти Либӣ аст. Маҳмулаи ин киштӣ ба таври ғайриқонунӣ ба даст омада буд ва ҳол ба банодири Либӣ бозгардонда хоҳад шуд."

Раъно Ҷавод, хабарнигори Би-би-сӣ дар Таробулус мегӯяд иқдоми Омрико эҳтимолан барои афрод ё гурӯҳҳое, ки қасд доранд ба таври ғайриқонунӣ аз ин банодир нафт бихаранд, нақше боздоранда хоҳад дошт.

Матолиби муртабит