Даҳҳо нафар дар даргириҳои Бенғозӣ дар Либӣ кушта шуданд
Image copyrightReutersДаргирии шадид миёни нерӯҳои давлатии Либӣ ва шибҳинизомиёни исломгаро дар шаҳри Бенғозӣ дар шарқи Либӣ дастикам 36 кушта ба ҷой гузоштааст.
Дар ҷараёни ин даргириҳо, гурӯҳҳои мусаллаҳ дар маркази шаҳр ба нерӯҳои низомӣ ҳамла карданд ва ҷангандаҳои артиши Либӣ ҳам мавозеъи гурӯҳи Ансорушшариъа дар Бенғозиро ҳадаф қарор доданд.
Дар Таробулус, пойтахти Либӣ ҳам даргириҳои хушунатомез ҷараён дошта ва бано бар гузоришҳо 23 нафар дар атрофи фурудгоҳ кушта шудаанд.
Аз замони сарнагунии Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқи Либӣ ин кишвар ҳамвора бо мушкили амниятӣ рӯбарӯ буда, аммо дар моҳҳои ахир хушунатҳо шиддати бештаре пайдо кардааст.
Гурӯҳҳои мусаллаҳи исломгаро кунтрули бахшҳои зиёде аз кишварро дар ихтиёр гирифтаанд ва давлати марказии Либӣ барои ҳифзи мавозеъи худ ва кунтрули манотиқи таҳти ихтиёраш бо чолиши ҷиддӣ рӯбарӯ аст.
Рӯзи шанбе, 26 июл давлати Омрико сохтмони сафорати худ дар Таробулусро ба далели наздик шудани даргириҳо ва вуҷуди "хатари ҷиддӣ" барои коркунонаш тахлия кард.
Ҳудуди ду соли пеш сафири вақти Омрико дар Либӣ ва се омрикоии дигар дар ҳамлае ба консулгарии ин кишвар дар шаҳри Бенғозӣ кушта шуданд.
Омрико ва Бритониё дар бораи сафари атбоъи худ ба Либӣ ҳушдор додаанд ва Туркия ҳам садҳо нафар аз коркунони давлатиро аз Либӣ хориҷ кардааст.
Чанд рӯз пеш ҳам Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки тамоми коркунонашро аз ин кишвар хориҷ мекунад.
Давлати Либӣ нисбат ба таҷзияи эҳтимолии ин кишвар дар сурати идомаи даргириҳо дар пойтахт ҳушдор додааст.
