Сафири Урдун дар Либӣ рабуда шуд

  • 15 Апрел, 2014
Image copyrightBBC World Service
Image caption Ба дунболи сарнагунии Муъаммар Қаззофӣ дар соли 2011 Либӣ дастхуши нооромӣ ва бесаботӣ будааст

Мақомоти Либӣ мегӯянд сафири Урдун дар Таробулус, пойтахти Либӣ рабуда шуда ва ронандаи ӯ низ захмӣ шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Либӣ хабари рабуда шудани Фавоз Алъитон, сафири Урдунро таъйид карда ва гуфтааст, ки ронандаи ӯ низ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Нахуствазири Урдун гуфта, ки музокироте барои озодии сафири ин кишвар дар Либӣ дар ҷараён аст.

Ба дунболи сарнагунии Муъаммар Қаззофӣ дар соли 2011 Либӣ дастхуши нооромӣ ва бесаботӣ буда ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар нуқоти мухталифи ин кишвар барои давлат дардисарсоз шудаанд.

Сухангӯи давлати Либӣ ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки сафири Урдун дар Либӣ субҳи имрӯз (сешанбе, понздаҳи апрел) рабуда шуда ва худрави ӯ мавриди ҳамлаи афроде қарор гирифт, ки дар ду худрави ғайринизомӣ ҳузур доштанд.

Рӯзи якшанбе, Абдуллоҳ Ассиннӣ, нахуствазири ҷадиди Либӣ, ки маъмури ташкили давлати ҷадиди ин кишвар шуда буд, пас аз ҳамла ба ӯ ва хонаводааш тавассути як гурӯҳи шибҳнизомӣ аз ин кор мунсариф шуд.

Алӣ Зайдон, нахуствазири собиқ ба далели нокомӣ дар беҳбуди авзоъи амниятии кишвар аз кор барканор шуда буд.

Дар моҳи январи имсол панҷ нафар аз кормандони сафорати Миср дар Таробулус рабуда шуданд ва пас аз чанд рӯз озод шуданд.

Дар моҳи январ ҳамчунин як мақоми расмии Куреи Ҷанубӣ барои се рӯз тавассути як гурӯҳи шӯришии мусаллаҳ рабуда шуд. Ӯ низ пас аз се рӯз озод шуд.

Тайи чанд моҳи гузашта чандин мақоми либиёӣ низ рабуда шуданд, ки бештари онҳо тавассути гурӯҳҳои шибҳнизомӣ сурат гирифт.

Ин гурӯҳҳои шибҳнизомӣ маъмулан аз давлат пул мегиранд, аммо дар кунтрули давлат нестанд.

Матолиби муртабит