Миср хостори дахолати Созмони Милал алайҳи Доъиш дар Либӣ шуд
Image copyrightReutersАбдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср аз Созмони Милал хоста барои дахолати низомии байналмилалӣ алайҳи гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) дар Либӣ муҷаввиз содир кунад.
Оқои Сисӣ ба родиюи Фаронса гуфт мардуми Либӣ хоҳони иқдоми фаврӣ барои бозгашти амният ва сабот ба ин кишвар ҳастанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Миср иҷоза нахоҳад дод то шибҳинизомиёни Доъиш "сари фарзандони ин кишварро бибурранд".
Рӯзи душанбеи 16 феврал ҷангандаҳои мисрӣ барои аввалин бор мавозеъи Доъишро дар хоки Либӣ бумборон карданд. Ин ҳамла пас аз он сурат гирифта, ки Доъиш видиюе аз сар буридани 21 масеҳии қибтии аҳли Мисрро дар Либӣ мунташир кард.
Вазъияти амниятӣ дар Либӣ аз замони суқути Муъаммар Қаззофӣ бесабот аст. Чанд гурӯҳи мусаллаҳ дар ҳоли набард барои дар даст гирифтани кунтрули кишвар ҳастанд ва ду давлати рақиб ҳам дар Таробулус ва Тибриқ дар ҳоли фаъолият ҳастанд.
Эҳтимоли идомаи ҳамалоти ҳавоӣ
Раиси ҷумҳури Миср хоҳони таҷҳизи низомии давлати шинохташудаи Либӣ дар ҷомеъа ҷаҳонӣ шуда, ки баъд аз ишғоли пойтахт тавассути шибҳинизомиёни рақиб ба шаҳри Тубруқ гурехтааст.
Оқои Сисӣ дар посух ба ин савол ки оё Миср бори дигар Либиро бумборон хоҳад кард гуфт: "Мо маҷбурем дубора ин корро бикунем, ҳамаи мо бо ҳам."
Ҷим Мюр, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд интишори видиюи сар буридани қибтиҳо боиси барангехтани хашми умумӣ ҳам дар миёни мусалмонон ва ҳам масеҳиёни Миср шудааст.
Теъдоди зиёде аз мусалмонон ва қибтиҳои Миср дар Либӣ зиндагӣ мекунанд. Бештари онҳо дар корҳои сохтмонӣ машғул ба кор ҳастанд.
Манобеъи низомии Миср мегӯянд ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи мавозеъи шибҳинизомиён дар Либӣ идома хоҳад ёфт, аммо феълан ниёзе ба амалиёти заминӣ нест.
Дирӯз, душанбе Миср қарордоде низомӣ ба арзиши беш аз 5 милёрд юру бо Фаронса имзо кард, ки шомили хариди 24 ҷети ҷангандаи пешрафта мешавад.
