Ҳукми эъдоми 183 нафар ба иттиҳоми қатли маъмурони пулис дар Миср таъйид шуд
Image copyrightEPAДодгоҳе дар Миср ҳукми эъдоми 183 нафарро, ки пеш аз ин дар иттиҳоми куштани 13 пулиси мисрӣ муҷрим шинохта шуда буданд, таъйид кардааст.
Парвандаи ин афрод ба воқеаи ҳамла ба як маркази пулис дар рустои Кардоса дар наздикии Қоҳира, пойтахт марбут мешавад.
Ин ҳамла баъд аз он рух дод, ки нерӯҳои амниятии Миср садҳо нафарро дар ҷараёни саркӯби муътаризон ба кудето алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури махлуъи Миср куштанд.
Беш аз 144 нафар аз маҳкумони парванда ҳамакнун дар боздошт ҳастанд ва ҳукми бақия ба сурати ғиёбӣ содир шудааст.
Дар ин парванда як муттаҳами зери сини қонунӣ ҳам ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи имрӯз, душанбеи 2 феврал яке аз додгоҳҳои пуршуморе аст, ки дар он муттаҳамон ба сурати гурӯҳӣ муҳокима ва маҳкум мешаванд.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ башиддат аз баргузории ин додгоҳҳо интиқод кардаанд.
