Марги 18 нафар дар солгарди инқилоби Миср
Ба гуфтаи мақомҳо рӯзи якшанбе дасти кам 18 нафар дар даргириҳо миёни пулис ва тазоҳуркунандагон дар атрофи Миср кушта шудаанд.
Ба гуфтаи мақомҳои расмӣ се донишҷӯи донишгоҳи афсарии пулис дар миёни кушташудаҳо ҳастанд ва даҳҳо тазоҳуркунанда захмӣ шудаанд.
Ин даргириҳо пас аз марги як фаъъол дар як роҳпаймоӣ дар Қоҳира дар рӯзи шанбе сурат мегирад.
Ин нооромиҳо дар хилоли роҳпаймоиҳо ба муносибати чаҳорумин солгарди тазоҳуроти 25 январи Миср рӯй дод.
Даар остонаи ин солгард тонкҳои артиш барои муқобала бо тазоҳуроти эҳтимолӣ атрофи майдони Таҳрири Қоҳира, пойтахти Миср мустақар шуданд ва роҳҳои мунтаҳӣ ба майдони Таҳрир ки аз намоҳои инқилоби Миср аст, баста шуд.
