Афви Байналмилал Мисрро ба лопӯшонии марги тазоҳуркунадагони мисрӣ муттаҳам кард

  • 1 Феврал, 2015
Image copyrightEPA
Image caption Тазоҳурот ва инқилоб дар теъдоде аз кишварҳои минтақа, мавсум ба "баҳори арабӣ" дар Миср бо тазоҳуроти бузурги 25 январи 2011 дар майдони Таҳрири Қоҳира абъоди тозае ёфт, ки дар ниҳоят ба сарнагунии давлати Ҳуснӣ Муборак феврали ҳамон сол мунҷар шуд.

Созмони Афви Байналмилал мақомоти Мисрро муттаҳам ба талош барои лопӯшонии кушта шудани 27 нафар дар таҷаммуъоти ҳафтаи гузашта дар ин кишвар кардааст.

Ин афрод дар хилоли тазоҳуроти чаҳорумин солгарди инқилоб дар Миср кушта шуданд.

Афви Байналмилал мегӯяд, ки мадорике дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад нерӯҳои амниятии Миср алайҳи тазоҳуркунандагон ва ҳамчунин мардуме, ки дар маҳали иҷтимоъот назорагар будаанд, шиддати амал ба харҷ додаанд.

Ба гуфтаи ин созмони ҳуқуқи башарӣ мақомоти мисрӣ барои кунтрули ин нерӯҳо иқдоме анҷом надоданд.

Афви Байналмиллал дар айни ҳол аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостааст то барои ҷилавгирӣ аз буҳрони нақзи ҳуқуқи башар дар Миср иқдом кунад.

Мақомоти Миср мегӯянд дар хилоли тазоҳуроти ҳафтаи гузашта дар кишвар 500 нафар, ки ба гуфтаи ин мақомот ба гурӯҳи Ихвонулмуслимин мутааллиқ ҳастанд, боздошт шудаанд.

Дар ҳамин робита вукалои мисрӣ мегӯянд, ки онҳо аз ваколати бархе аз ин боздоштшудагон манъ шудаанд.

Тазоҳурот ва инқилоб дар теъдоде аз кишварҳои минтақаи мавсум ба "баҳори арабӣ" дар Миср бо тазоҳуроти бузурги 25 январи 2011 дар майдони Таҳрири Қоҳира абъоди тозае ёфт, ки дар ниҳоят ба сарнагунии давлати Ҳуснӣ Муборак дар феврали ҳамон сол мунҷар шуд.

Матолиби муртабит