Артиши Миср барои муҳофизат аз марокизи муҳими кишвар вориди амал мешавад
Image copyrightAFPАбдулфаттҳо Ассисӣ, раиси ҷумҳури Миср бо судури фармоне ба артиши ин кишвар иҷоза дода то ба ҳамроҳи пулис аз сохтмонҳои муҳим муҳофизат кунанд.
Ба нақл аз сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ гуфта шуда, ки ин фармони ҷадид бо ҳадафи ҳифозат аз таҷҳизот ва сохтмонҳои муҳимме ҳамонанди таъсисоти барқ, хутути лӯлаҳои гоз ва полоишгоҳҳои нафт сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон ин фармон ҳамчунин ҳифозат ва муроқибат аз марокизи донишгоҳиро ҳам шомил мешавад.
Ин иқдом ба дунболи бумбгузории ҳафтаи гузашта дар саҳрои Сино, ки ба кушта шудани беш аз 30 сарбоз мунҷар шуд, иттифоқ афтодааст.
Раиси ҷумҳури Миср дар суханоне, ки ду рӯз пеш (шанбеи 25 октябр) ва пас аз кушта шудани шуморе аз сарбозон дар Саҳрои Сино баён кард, бо ишора ба таҳдиди пайкорҷӯёни исломгаро дар кишвар ваъда дода, ки ба ин қабил иқдомот посухе муносиб хоҳад дод.
Ба дунболи барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқ дар соли 2013 аз қудрат тавассути низомиён, Миср шоҳиди афзоиши ҳамалоти пайкорҷӯён будааст.
