Миср мудирони Дидабони Ҳуқуқи Башарро роҳ надод
Image copyrightAFPДавлати Миср иҷозаи вуруди ду мудири аршади Созмони Дидабони Ҳуқуқи башар ба ин кишварро надодааст.
Кеннет Рос, мудири иҷроӣ ва Соро Лӣ Уитсун, раиси бахши Ховари Миёна ва шимоли офриқои Дидабони Ҳуқуқи Башар ба Қоҳира рафта буданд то гузориши ин созмон дар бораи куштори соли гузашта дар Мисрро мунташир кунанд.
Як сол пеш беш аз ҳазор нафар дар ҷараёни саркӯби эътирози ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср тавассути нерӯҳои амниятӣ ва пулис кушта шуданд.
Абдулфаттоҳ Сисӣ, ки се моҳ пеш ба раёсати ҷумҳурии Миср расид, дар он замон фармондеҳи артиш буд.
Дидабони Ҳуқуқи Башар яке аз созмонҳое аст, ки аз замони кудето алайҳи Муҳаммад Мурсӣ дар тобистони гузашта ҳамвора нисбат ба саркӯби мухолифони давлати Миср ҳушдор додааст.
Ду мудири аршади Дидабони Ҳуқуқи Башар баъд аз расидан ба фурудгоҳи Қоҳира ба муддати 12 соъат дар боздошт буданд ва дар ниҳоят бо парвозе аз Миср баргардонда шуданд.
"Далоили амниятӣ"
Беш аз ҳазор нафар дар ҷараёни эътирозҳо ба кудето алайҳи Муҳаммад Мурсӣ кушта шуданд
Хонум Уитсун гуфт, ки мақомҳои мисрӣ ба онҳо гуфтаанд, ки ба "далоили амниятӣ" иҷозаи вуруд ба ин кишварро надоранд.
Дидабони Ҳуқуқи Башар дар баёнияе эълом кард, ки барои аввалин бор давлати Миср иҷозаи вуруди коркунони ин созмонро надода, иттифоқе ки дар давраи раёсати ҷумҳурии Ҳуснӣ Муборак ҳам собиқа надоштааст.
Ин созмон мегӯяд гузорише, ки қарор аст рӯзи сешанбеи 12 август мунташир шавад, тавзеҳ медиҳад, ки чӣ гуна пулис ва артиши Миср "ба сурати ҳисобшуда ва бо муҳимоти ҷангӣ" муътаризон ба сарнагунии Муҳаммад Мурсиро ҳадаф қарор додаанд.
Ба гуфтаи Дидабони Ҳуқуқи Башар дастикам 1150 нафар дар ҷараёни шаш тазоҳурот дар тобистони соли гузашта дар Миср кушта шуданд.
Бештари куштор дар масҷиди Робиъаи Адвия ва майдони Наҳзат дар Қоҳира рух дод.
Кеннет Рос, мудири иҷроии Дидабони Ҳуқуқи Башар гуфт, ки ёфтаҳои ин созмон ба иттилоъи давлати Абдулфаттоҳ Сисӣ расида ва ибрози умедворӣ, кард ки битавонад дар бораи ин вақоеъ бо мақомҳои ин кишвар гуфтугӯ кунад.
Давлати Миср ҳануз дар бораи далели роҳ надодани мудирони аршади Дидабони Ҳуқуқи Башар тавзеҳе надодааст.
