Се хабарнигори Алҷазира дар Миср ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуданд

  • 23 Июн, 2014

Додгоҳе дар Миср се хабарнигори шабакаи Алҷазираро, ки ба ҳимоят аз Ихвонулмуслимин ва интишори ахбори дурӯғ муттаҳам шуда буданд, ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард.

Питер Грест, Муҳаммад Фаҳмӣ ва Боҳир Муҳаммад, ки ҳудуди шаш моҳ дар боздошт буданд, иттиҳомҳо алайҳи худро рад кардаанд.

Ин парванда эътирозҳоеро дар сатҳи байналмилалӣ барангехтааст ва бархе раванди додрасиро мутаассир аз ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Сафири Бритониё ва диплумотҳое аз Устролиё ва Конодо барои "нишон додани ҳамбастагии" худ бо муттаҳамон дар додгоҳи имрӯз (душанбеи 23 июн) ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи ххабарнигорони ҳозир дар додгоҳ, Муҳаммад Фаҳмӣ қабл аз судури ҳукм бо фарёд аз дохили қафаси муттаҳамон суроғи Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрикоро гирифтааст.

Оқои Керрӣ рӯзи якшанбеи 21 июн дар сафаре эъломнашуда ба Қоҳира рафт, то бо Абдулфаттоҳ Сисӣ, ариси ҷумҳури Миср, дидор кунад ва интихоби ӯро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ табрик бигӯяд.

Пештар Тунӣ Абут, нахуствазири Устролиё, аз раиси ҷумҳури Миср, хоста буд, ки ба озодии Питер Грест, хабарнигори устролиёии Алҷазира кумак кунад.

Оқои Абут мегӯяд, ки ба оқои Сисӣ тавзеҳ додааст, ки ин хабарнигори устролиёӣ ҳаводори Ихвонулмуслимин набуда ва сирфан ахбори марбут ба ин гурӯҳро пӯшиш медодааст.

Додситонии Миср барои ин хабарнигорон дархости маҳкумияти 15 то 25 сол карда буд.

Дар пайи эътирозоти густарда дар Миср артиши ин кишвар дар кудетое давлати Муҳаммад Мурисро сарнагун кард ва аз он пас фаъъолияти Ихвонулмуслиминро ғайриқонунӣ эълом шуд.

Дар ҷараёни эътирозҳои пас аз кудето садҳо нафар аз ҳаводорони Ихвонулмуслимин кушта ва бисёре низ боздошт шуданд.

Ҳудуди ду моҳ пеш қозии як додгоҳ дар Миср ҳукми эъдоми 673 нафар аз муттаҳмони ин парвандаро содир кард, ки ҳукми 183 нафар аз онон дар додгоҳе дигар таъйид шудааст.

Муҳаммад Бадеъ, раҳбари маънавии Ихвонулмуслимин, ҳам дар миёни касоне аст, ки ҳукми эъдомашон таъйид шудааст.

Матолиби муртабит