Ҷон Керрӣ дар сафаре ғайримунтазира ба Қоҳира рафт
Image copyrightAPҶон Керрӣ, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида,, дар сафаре аз пеш эъломнашуда ба Миср рафтааст. Бино аст оқои Керрӣ бо Абдулфаттоҳ Сисӣ, ки батозагӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба пирӯзӣ расидааст, дидор кунанд.
Ба дунболи кудетои артиш ва канор задани Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср, Омрико аз хушунатҳо ибрози нигаронӣ мекард ва аз раванди таҳаввулоти сиёсӣ интиқод дошт.
Иёлоти Муттаҳида аз ҷумла барои муддате кумакҳои худ ба Мисрро ба ҳоли таълиқ дароварда буд. Аммо ҳудуди ду моҳ пеш вазорати дифоъи Омрико эълом кард, ки кумаке 650-милюндулорӣ ба артиши Миср мекунад ва 10 фарванд чархболи "Опочӣ" ба артиши ин кишвар хоҳад дод.
Нозирон мегӯянд сафари Ҷон Керрӣ дар фосилае кӯтоҳ пас аз таҳлифи Абдулфаттоҳ Сисӣ, нишонае аз ин аст, ки Омрико ба ҳар ҳол ҳамчунон ба Миср ба унвони шарике истротежик менигарад ва хоҳони нақшофаринии фаъъолона дар сиёсати ин кишвар аст.
Хабарнигори Би-би-сӣ, ки сафари Ховари Миёнаии Ҷон Керрро пӯшиш медиҳад, мегӯяд Ҷон Керрӣ дар дидораш бо Абтулфаттоҳ Сисӣ масъалаи ҳукми эъдоми садҳо узви Ихвонулмуслиминро матраҳ мекунад ва хоҳони ин мешавд, ки фазои сиёсӣ бахшҳои мухталифи ҷомеъаро дар бар бигирад.
