Омрико: Фориғ аз натиҷаи интихобот, нигарони авзоъи сиёсии Миср ҳастем
Image copyrightReutersҲамзамон бо эъломи натоиҷи шумориши аксари сандуқҳои раъй дар Миср, ки аз пирӯзии қотеъи фармондеҳи собиқи артиши ин кишвар Абдулфатоҳ Сисӣ ҳикоят дорад, Омрико эълом карда "демукросӣ фақат баргузории интихобот нест" ва Кохи Сафед нигарони авзоъи сиёсӣ дар Миср аст.
Ҷен Сокӣ, аз сухангӯёни вазорати хориҷаи Омрико, рӯзи панҷшанбеи 29 май гуфт: "Мо ҳанӯз мунтазири эъломи натиҷаи расмӣ ва ниҳоӣ ҳастем; мисли ҳама мавориди мушобеҳ. Вале беш аз пеш нигарони шароити сиёсии маҳдуди қабл аз интихобот ҳастем ва таъсири ин шароит бар фарогир будани давлати ояндаи Миср ва субот дар ин кишвар. Шароите мисли боздоштҳои сиёсӣ ва маҳдуд кардани озодии расонаҳо. Демукросӣ, сирфан интихобот нест."
Дар ҳамин ҳол, натоиҷи идомаи шумориши оро дар Миср аз касби ҳудуди 93 дарсади оро ба нафъи оқои Сисӣ ҳикоят дорад ва ҳамзамон натоиҷ аз мизони мушорикати ҳудуди 46 дарсади воҷидони шароит хабар медиҳад; Оморе, ки бисёр пойинтар аз баровурдҳои фелдморшоли собиқ Абдулфаттоҳи Сисӣ аст.
Ҳомиёни Ихвонулмуслимин ва чанд гурӯҳи либерол ва секулор дар Миср ин интихоботро таҳрим карда буданд.
Танҳо рақиби Абдулфаттоҳ Сисӣ дар ин интихобот Ҳумдин Сабоҳӣ дар як кунфронси хабарии телевизиюнӣ гуфт: "Ман шикастро мепазирам ва ба раъйи мардум эҳтиром мегузорам."
Бо вуҷуди ин, раиси ҳайъати назоратӣ, ки Иттиҳодияи Урупо ба Миср фиристода буд, мегӯяд ин интихобот ба шакли қонунӣ баргузор шудааст, аммо "назари ҳамаи мисриҳоро нишон намедиҳад."
Морию Дейвид паз аз эъломи натоиҷи шумориши орои бештари сундуқҳо дар Миср гуфт: "Боъиси таъассуф аст, ки бахши муҳимме ҷомеъаи Миср дар ин интихобот ҳузур надошт. Аз яке аз аҳзоби собиқи Миср, ки муҳим аст, ҳатто як номзад набуд. Ва муътақидам ба ҳамин иллат мизони мушорикат фақат чиҳилу шаш-ҳафт дарсад буд.
Абдулфаттоҳ Сисӣ, камтар аз як сол пеш ва дар замоне, ки ҳанӯз як женерол ва фармондеҳи артиши Миср буд, Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии ин кишварро бо дахолати артиш барканор кард ва ӯро бидуни муҳокима ба зиндон андохт.
Ин мудохилаи низомӣ пас аз чан рӯз эътирозҳои густардаи мунтақидони оқои Мқурсӣ дар Қоҳира ва бархе дигар аз нуқоти Миср сурат гирифт.
Муҳаммад Мурсӣ пас аз суқути Ҳуснӣ Муборак аввалин раиси ҷумҳурӣ буд, ки баробари ақидаи нозирон бар интихоботи Миср дар як интихоботи озод ва демукротик ба қудрат расид; ҳарчанд, камтар аз як сол аз шаклгирии давлати ӯ интиқодҳо боло гирифт ва майдони Таҳрири Қоҳира як бори дигар ба тасарруфи муътаризони давлат даромад.
Дар тӯли як соли гузашта ва аз замони сарнагунии давлати оқои Мурсӣ, Ихвонулмуслимин, ки ҳомии ӯ буд, башиддат саркӯб шудааст ва дар ҷараёни эътирозот ва даргириҳои баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ беш аз 1400 нафар кушта ва 16 ҳазор дастгир шуданд.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии қаблӣ, ки дар даври дувуми он рақобат байни Муҳаммад Мурсиро ва Аҳмад Шафиқ буд, ҳудуди 52 дарсад аз воҷидони шароит раъй доданд ва оқои Мурсӣ ҳам 52 дарсад аз ин ороро бурд. Ҳарчанд дар даври нахусти он интихобот 46 дарсад аз мардум раъй дода буданд.
