Раҳбари Ихвонулмуслимин ва 682 нафари дигар дар Миср ба эъдом маҳкум шуданд
Image copyrightBBC World ServiceВакилон дар Миср мегӯянд, ки як қозӣ дар як додгоҳи дастаҷамъӣ 683 нафар, аз ҷумла Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвонулмуслиминро ба эъдом маҳкум кардааст.
Оқои Бадеъ ва 682 нафари дигар аз ҳомиёни Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср, дар иртибот бо ҳамла ба як посгоҳи пулис муттаҳам буданд.
Дар моҳи март низ 529 нафари дигар бо ҳамин иттиҳом ба эъдом маҳкум шуда буданд, ки ҳукми 392 нафар аз онон лағв шуд. Ҳукми бисёре аз онҳо ба ҳабси абад коҳиш ёфт.
Ҳамлае, ки ин гурӯҳ ба даст доштан дар он муттаҳам буданд, дар моҳи август ва дар ҷануби Миср ҳангоме ба вуқӯъ пайваст, ки маъмурони амниятӣ бо таҷаммуъи ду даста аз ҳаводорони муътаризи оқои Мурсӣ бархӯрд карданд.
Муътаризон хоҳони бозгашти оқои Мурсӣ ба қудрат буданд.
Раванди баррасии иттиҳомот ва суръати судури аҳком бо эътирози густардаи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ рӯбарӯ шудааст.
Бар асоси гузориши Дидабони Ҳуқуқи Башар ҳар додгоҳ фақат чанд соъат тӯл кашида ва ба вакилони муттаҳамон иҷозаи дифоъ аз муваккилонашон дода нашудааст.
Хабарнигорон мегӯянд теъдоде аз бастагони муаннаси муттаҳамон, ки дар беруни додгоҳ мунтазир буданд, бо шунидани хабари судури аҳком аз ҳол рафтанд.
Пас аз барканории оқои Мурсӣ дар моҳи июн мақомоти давлатӣ бо ҳаводорони Ихвонулмуслимин башиддат бархӯрд кардаанд.
Ҳазорон нафар аз аъзои ин гурӯҳ боздошт ва садҳо тан аз онҳо дар ҷараёни даргирӣ бо маъмурони амниятӣ ва пулис кушта шудаанд.
Давлати муваққат таҳти ҳимояти артиш гурӯҳи Ихвонулмуслиминро, ки аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, башиддат таҳти фишор буда, гурӯҳе "теруристӣ" медонад.
