Инфиҷори Қоҳира сартипи пулиси Мисрро кушт
Бано бар гузоришҳои расида аз Миср дар пайи се инфиҷор дар наздикии донишгоҳи Қоҳира як сартипи пулиси Миср кушта шуда ва ҳади ақал панҷ нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Манобеъи амниятӣ мегӯянд ду бумби дастсоз субҳи имрӯз дар канори як посгоҳи кучаки пулис, ки ҷилави вурудии донишгоҳи Қоҳира қарор дорад, мунфаҷир шуда ва илова бар куштани раиси огоҳии ғарби Қоҳира панҷ афсари дигари пулисро ҳам захмӣ кардааст.
Ду бумб ба фосилаи чанд дақиқа аз якдигар мунфаҷир шуда ва бумби сеюм ҳудуди ду соъат баъд мунфаҷир шуд. Бумби сеюм талафоте бар ҷой нагузоштааст.
Ба назар мерасад, ки ҳадафи ин инфиҷор маъмурони пулис буданд, ки дар атрофи донишкадаи муҳандисии донишгоҳи Қоҳира пусти бозрасӣ доир карда буданд.
Нерӯҳои пулиси Миср муддатҳо аст ки барои муқобала бо тазоҳуроти ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи он кишвар дар атрофи донишгоҳи Қоҳира мустақар шудаанд.
Аз замони барканории оқои Мурсӣ, беш аз 1000 нафар аз ҳомиёни вай кушта шудаанд ва ҳудуди бист ҳазор нафар аз Ихвонулмуслимин ва дигар шаҳрвандони одӣ тавассути давлати интиқолӣ, ки аз суи артиши кишвар пуштибонӣ мешавад, боздошт шудаанд.
Теъдоди зиёде аз ин зиндониён баъд аз озодӣ гуфтаанд, ки дар зиндон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Озори ҷинсӣ, шуки барқӣ ва кутак хӯрдан аз ҷумлаи шиканҷаҳое аст, ки зиндониён аз он шикоят доранд.
Додгоҳе дар Миср ахиран барои 528 тан аз ҳаводорони оқои Мурсӣ, ҳукми эъдом содир кардааст. Аҳкоми эъдом пас аз танҳо ду ҷаласаи додгоҳ содир шуд ва вукалои муттаҳамон муътаризанд, ки фурсати ироаи дифоъиёт ба онҳо дода нашудааст.
Давлати интиқолии Миср Ихвонулмуслиминро дар зумраи гурӯҳҳои терруристӣ қарор додааст.
