Ҳуснӣ Муборак ба се сол ҳабс маҳкум шуд
Image copyrightAPРаиси ҷумҳурии собиқи Миср ва ду писари ӯ ба ҷурми фасоди молӣ ба ҳабс маҳкум шудаанд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 21 май додгоҳи расидагӣ ба парвандаҳои иттиҳомӣ алайҳи Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии собиқи Миср ва фарзандонаш Ало ва Ҷамол Муборак, аҳкоми худ алайҳи муттаҳамонро содир кард.
Бар асоси ин аҳком, Ҳуснӣ Муборак ба далели сӯистифода ва тахаллуфи молӣ дар давраи зимомдорӣ ба се сол ҳабс ва писарони ӯ ба ҷурми ихтилоси амволи давлатӣ ҳар кадом ба чаҳор сол ҳабс маҳкум шудаанд. Чаҳор муттаҳами ин парванда табраъа шудаанд.
Илова бар муҷозоти зиндон, оқои Муборак ва фарзандонаш ба пардохти ҷаримаи нақдӣ ба маблағи тақрибан 22 милюн пунди мисрӣ (ҳудуди се милюн дулори омрикоӣ) ва бозгардондани маблағи 125 милюн пунди мисрӣ (ҳудуди 17 милюн дулор) "амволи масруқаи давлатӣ" ҳам маҳкум шудаанд.
Мабнои иттиҳоми Ҳуснӣ Муборак истифодаи ғайримуҷоз аз амволи давлатӣ ва ироаи гузоришҳое хилоф воқеъ ба манзури фирори молиётӣ ва иттиҳоми фарзандони ӯ сӯистифода аз мавқеъияти худ барои ихтилоси амволи давлатӣ будааст.
Оқои Муборак бо куту шалвор ва дар ҳоле ки рӯйи сандалии чархдор нишаста буд, дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи додгоҳ ҳозир шуд ва ду писараш бо унифурми зиндониён дар ду сӯйи ӯ буданд.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё давраи боздошти ин се нафар дар иҷрои аҳкоми зиндон алайҳи онон манзур хоҳад шуд ё назари додгоҳ ин аст, ки тамомии давраи маҳкумияти ҷадид бояд сипарӣ шавад.
Соли гузашта пас аз хотимаи давраи қонунии муҷоз барои боздошти муттаҳамон, Ҳуснӣ Муборак аз зиндон озод ва ба хотири беморӣ дар як бемористони низомӣ бистарӣ шуд ва аз он замон дар интизори умумӣ зоҳир нашуда буд. Эҳтимол дорад ӯ бори дигар ба бемористон интиқол ёбад.
Дар ҳоли ҳозир парвандаи дигаре алайҳи Ҳуснӣ Муборак дар иртибот бо вокуниши давлати ӯ ба тазоҳуроти мухолифон дар авоили соли 2011 дар ҷараён аст.
Дар ин парванда оқои Муборак муттаҳам аст, ки дар мақоми раиси ҷумҳурӣ масъули судури дастури тирандозии нерӯҳои пулис ба сӯйи тазоҳуркунандагони мухолиф аст, ки теъдоде кушта ва захмӣ барҷой гузошт. Ин тазоҳурот саранҷом ба канорагирии Ҳуснӣ Муборак аз симати раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 11 феврали ҳамон сол мунҷар шуд.
