'Пирӯзии мутлақи' Сисӣ дар натоиҷи аввалияи интихоботи Миср
Image copyrightAFPАбдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи собиқи артиш, бо аксарияти мутлақи оро пештози натоиҷи аввалияи интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср аст.
Дар ҳудуди як шашум аз ҳавзаҳои раъйгирӣ, ки натоиҷро эълом кардаанд, оқои Сисӣ ҳудуди 90 дарсади ороро баранда аст.
Бо ин ҳол, гумон баранда мешавад, ки бо вуҷуди талошҳои густарда барои кашидани мардум ба пойи сандуқҳои раъй мизони мушорикат дар ин интихобот камтар аз 45 дарсад бошад.
Абдулфатоҳ Сисӣ касест, ки камтар аз як сол пеш Муҳаммад Мурсӣ , раиси ҷумҳурии Мисрро бо дахолати артиш барканор кард ва ӯро бидуни муҳокима ба зиндон андохт.
Ин мудохилаи низомӣ пас аз чанд рӯз эътирозоти густардаи мунтақидони оқои Мурсӣ дар Қоҳира ва бархе дигар аз нуқоти Миср сурат гирифт.
Муҳаммад Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳурии Миср шинохта мешавад, ки дар як интихоботи озод ва демукротик ба қудрат расид. Аммо дар камтар аз як сол интиқодҳо аз ӯ боло гирифт.
Женерол Сисӣ пеш аз интихобот аз симати худ истеъфо кард, то битавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барои нишаст бар ҷои Муҳаммад Мурсӣ талош кунад.
Дар давраи қудрати ӯ ҷунбиши Ихвонулмуслимин, ки ҳомии Муҳаммад Мурсӣ буд, башиддат саркӯб шуд. Дар ин ҷараён беш аз 1400 нафар кушта ва 14 ҳазор нафар дастгир шуданд.
Таҳрими густарда; тамдиди серӯза; мушорикати кам
Ихвонулмуслимин эълом карда буд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Мисрро таҳрим мекунад. Хеле дигар аз гурӯҳҳои либерол ва секулор низ чунин кардаанд.
Бо таҳрими густардаи гурӯҳҳои мухолифи фармондеҳи собиқи артиши Миср, аз пеш гумон мерафт, ки ӯ пирӯзи мутлақи ин интихобот бошад.
Танҳо рақиби Абдулфаттоҳ Сисӣ дар ин интихобот Ҳумдин Сабоҳӣ буд. Ӯ пештар эълом кард, ки афродаш "тахаллуфоте" дар раванди раъйгирӣ сабт кардаанд.
Бо ин ҳол, ӯ дархости ҳаводоронаш барои канор кашидан аз интихобот дар эътироз ба онро рад кард, чун ба гуфтаи ӯ, хилофи манофеъи Миср аст.
Давлати муваққати Миср, ки пуштгарм ба низомиён аст, раъйгирӣ дар ин интихоботро барои севумин рӯз тамдид карда буд, то балки мушорикат дар онро афзоиш диҳад.
Онҳо дирӯз, сешанберо ногаҳон таътил эълом карданд, аммо гузоришҳо аз Қоҳира мегӯяд ин тадобир ҳам натавониста буд таъсири чандоне бар мизони мушорикат бигузорад ва хеле аз ҳавзаҳои раъйгирӣ тақрибан холӣ будаанд.
