Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Миср
Image copyrightxМилюнҳо нафар дар саросари Миср барои дувумин бор тайи ду соли ахир ба пойи сандуқҳои раъй мераванд, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунанд.
Дар миёни нигарониҳои мавҷуд бобати ҳамлаи пайкорҷӯён барои эҷоди ихтилол дар раванди баргузории интиихобот, тадобири амниятии шадиде аз сӯйи пулис ва артиш иттихоз шудааст.
Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Миср, ки июни гузашта Муҳаммад Мурсӣ, аввалин раиси ҷумҳури исломгаро ва мунтахаби ин кишварро аз қудрат барканор кард, номзади аслии ин интихобот аст.
Танҳо номзади дигари интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Ҳамдин Сабоҳӣ, раҳбари ҳизби чапгарои "Каромат" ва аз намояндагони собиқи порлумони Миср аст, ки дар интихоботи 2012 бо ҳудуди 21 дарсади оро дар радаи севум қарор гирифт ва аз роҳёбӣ ба марҳилаи дувум бозмонд.
Интизор меравад, ки оқои Сисӣ бо касби аксарияти қотеъи оро барандаи ин интихобот шавад.
Интихобот дар тайи ду рӯз баргузор мешавад ва натиҷаи расмии он рӯзи 5 июн эълом хоҳад шуд.
Муддати кӯтоҳе баъд аз гушоиши сандуқҳо оқои Сисӣ дар миёни ҷамъи зиёде аз хабарнигорон ва мардум раъйи худро дар яке аз ҳавзаҳои раъйгирӣ дар Қоҳира, пойтахт, ба сандуқ андохт.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд, ки Оқои Сисӣ, 59-сола аз маҳбубияти хосе дар миёни мардум бархӯрдор аст.
Ба гуфтаи ин хабарнигор, мисриҳо баъд аз солҳоталотуми сиёсӣ ташнаи субот ҳастанд ва чунончӣ оқои Сисӣ басуҳулат барандаи ин интихобот нашавад, боъиси таъаҷҷуб аст.
Аз замони барканории оқои Мурсӣ беш аз 1000 нафар аз ҳомиёни вай кушта шудаанд ва ҳазорон тан аз аъзои Ихвонулмуслимин тавассути давлати интиқолӣ, ки аз сӯйи артиши кишвар пуштибонӣ мешавад, боздошт шудаанд.
Оқои Мурсӣ ҳамчунин дар иртибот бо як ришта иттиҳомот дар додгоҳ муҳокима мешавад.
Давлати интиқолии Миср Ихвонулмуслиминро дар зумраи гурӯҳҳои теруристӣ қарор додааст.
