Қавли интихоботии Сисӣ: Ихвонулмуслимин вуҷуди хориҷӣ нахоҳад дошт
Image copyrightnaАбдулфаттоҳ Сисӣ, номзади интихоботи раёчсати ҷумҳурии Миср ва фармондеҳи собиқи артиши ин кишвар қавл додааст, ки агар ӯ барандаи интихобот шавад, гурӯҳи Ихвонулмуслимин дигар "вуҷуди хориҷӣ нахоҳад дошт."
Ӯ дар аввалин мусоҳибааш бо телевизиюни Миср изофа кард, ки ду тарҳи суиқасд ба ҷони ӯ кашф шудааст.
Оқои Сисӣ июни гузашта Муҳаммад Мурсӣ, аввалин раиси ҷумҳури ин кишварро, ки дар як интихоботи демукротик баргузида шуда буд, аз қудрат барканор кард.
Интизор меравад, ки ӯ барандаи раъйгирии рӯзҳои 26 ва 27 май шавад.
Оқои Сисӣ ин масъалара, ки ӯ ҳангоми барканории Ихвонулмуслимин аз қудрат дар соли гузашта ба дунболи сохтани ояндае сиёсӣ барои худ буд, рад кард.
Ӯ гуфт ба хотири таҳдидҳо аз дохил ва хориҷи Миср тасмимашро иваз кардааст.
Ӯ гуфт: "Ҳар касе ки имкон дошта бошад барои ҳаросат аз ин кишвар ва ин мардум ва ояндаи онҳо по пеш бигузорад, бояд чунин кунад."
Ӯ гуфт, ки намояндаи артиш нест ва афзуд: "Артиш нақше дар ҳокимияти Миср нахоҳад дошт."
Оқои Сисӣ ҳамчунин аз як қонуни ҷанҷолофарини тоза, ки маҳдудиятҳои шадидеро бар ҳаққи тазоҳурот эъмол мекунад, дифоъ кард.
Ҳокимони низомӣ
Агар оқои Сисӣ раиси ҷумҳур шавад, охирин нафар аз як риштаҳокимони Миср хоҳад буд, ки аз даҳаи 1950 рӯйи кор омадаанд ва реша дар артиши ин кишвар доранд. Риштаи пайвастае, ки барои муддате кӯтоҳ дар даврони раёсати ҷумҳурии оқои Мурсӣ гусаста шуд.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомҳои таҳти ҳимояти артиш хусумати физояндае нисбат ба истиқлоли расонаҳо ва норозиёни сиёсӣ нишон додаанд.
Аз замони барканории оқои Мурсӣ беш аз ҳазор нафар кушта ва ҳазорон нафар аз аъзои Ихвонулмуслимин тавассути мақомҳои давлати муваққат дастгир шудаанд.
Давлати кунунӣ Ихвонулмуслиминро як гурӯҳи теруристӣ мехонад.
