Як утубуси шаҳрии Қоҳира ҳадафи бумбгузорӣ қарор гирифт

Дар як утубуси шаҳрӣ дар Қоҳира инфиҷоре рӯй дода ва ҳамзамон Ихвонулмуслимин иттиҳоми иртибот бо терурисмро рад карда ва худро тарафдори демукросӣ хондааст.
Рӯзи панҷшанбе, (26 декабр), телевизиюни давлатии Миср гузориш кард, ки дар асари инфиҷор дар як утубуси шаҳрӣ дар Қоҳира як нафар кушта ва дасти кам чаҳор нафар захмӣ шудаанд ва ҳамчунин маъмурони амниятӣ тавонистаанд як василаи инфиҷории дигарро дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр кашф ва хунсо кунанд.
Ба гузориши хабаргузориҳои байналмилалӣ пас аз вуқуъи инфиҷор маъмурон маҳалли инфиҷори утубусро ба муҳосира дароварданд, аммо хабари марбут ба кашфи василаи инфиҷорӣ ҳануз аз суи манобеъи мустақил таъйид нашудааст.
Дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳо аз ҳамалоти мусаллаҳона ба нерӯҳои амниятӣ ва бумбгузориҳо дар нуқоти мухталифи Миср интишор ёфта, ки манобеъи давлатӣ онро ба гурӯҳҳои тундрави исломгаро нисбат додаанд. Рӯзи гузашта давлати Миср гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслиминро бо ин иқдомот муртабит донист ва як созмони терруристӣ эълом кард.
Шомгоҳи чаҳоршанбе сухангӯи гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ ин тасмими давлати Мисрро ба шиддат маҳкум кард ва гуфт, ки Ихвонулмуслимин бо мушорикат дар интихобот ва баргузории тазоҳуроти мусолиматомез "эътиқод ва таъаҳҳуди худ ба демукросиро исбот кардааст."
Дар баёнияи рӯзи гузаштаи давлати Миср, ки тавассути Ҳисом Исо, вазири омӯзиши олии кобинаи интиқолӣ қироъат шуд, Ихвонулмуслимин масъули бумбгузории рӯзи сешанбе дар яке аз пойгоҳҳои пулис муъаррифӣ шудааст. Ин инфиҷор ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ нафар ва захмӣ шудани беш аз яксад нафар мунҷар шуд. Ҳисом Исо гуфт, ки "давлати Миср натиҷа гирифтааст, ки гурӯҳи Ихвонулмуслимин як созмони терруристӣ аст."
Вазири омӯзиши олии Миср бо муттаҳам кардан Ихвонулмуслимин ба хушунатталабӣ гуфт, ки инфиҷори рӯзи сешанбе нишонаи мавзеъгирии ин гурӯҳ аст, ки "фақат бо тавассул ба хушунат ошноӣ дорад."
Бо тасмими ҳайати давлат ба террурист хондани Ихвонулмуслимин на танҳо идомаи фаъъолияти ин гурӯҳ бо душворӣ мувоҷеҳ мешавад, балки амвол ва дороиҳои он, аз ҷумла марокизи мутаъаддиде, ки дар нуқоти мухталифи Миср таъсис карда, мумкин аст дар маърази мусодира қарор гирад. Ба унвони як созмони терруристӣ ин гурӯҳ ҳаққи баргузории тазоҳуротро надорад ва пулис метавонад барои барҳам задани таҷаммуъоте, ки таҳти номи Ихвонулмуслимин баргузор мешавад, вориди амокини умумӣ аз ҷумла донишгоҳҳо шавад.
Ихвонулмуслимин: иттиҳоми давлат бе асос аст
Аъзои Ихвонулмуслимин бо ради иттиҳоми даст доштан дар иқдомоти терруристӣ гуфтаанд, ки давлати таҳти ҳмояти низомиён асосан ғайриқонунӣ ва дар натиҷа тасмимоти он беэътибор аст. Мушаххас нест ки дар сурати иқдоми давлат дар муқобала бо таҷаммуъи аъзои Ихвонулмуслимин ва таътилӣ ё мусодираи дафотири он ин гурӯҳ дар назар дорад чӣ вокунише аз худ нишон диҳад.
Бархе нозирон бо ёдоварии собиқаи ҳаштоду чандсолаи фаъъолияти Ихвонулмуслимин эҳтимол додаанд, ки ин гурӯҳ хоҳад кӯшид аз роҳҳои мухталиф, монанди таъсиси созмонҳои ҷадид бо асомии мутафовит, ба фаъъолияти худ дастикам дар заминаҳои иҷтимоӣ идома диҳад. Эҳтимоли дигаре, ки матраҳ шуда, табдил шудани ин гурӯҳ ба як ташкилоти зеризаминӣ ва рӯй овардани он ба фаъолиятҳои махфӣ аст ҳар чанд чунин рӯйкарде метавонад мавзеъгирии давлат алайҳи ин гурӯҳро тавҷеҳ кунад.
Ихвонулмуслимин дар соли 1927 бо ҳадафи барқарории низоми сиёсии исломӣ дар Миср ва сойири кишварҳои араб поягузорӣ шуд ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ, таблиғӣ ва иҷтимоъӣ пардохт.
Ин гурӯҳ тайи даҳаҳои баъд борҳо ба даст доштан дар иқдомоти хушунатомези сиёсӣ муттаҳам ва фаъъолияти он мамнуъ эълом шуд. Дар давраи ҳукумати Ҳуснӣ Муборак аз фишор бар ин гурӯҳ коста шуд ва вобастагон ба он тавонистанд ба унвони номзадҳои мустақил дар интихобот ширкат кунанд.
Пас аз сарнагунии Ҳуснӣ Муборак Ихвонулмуслимин бо доштани ташкилоти густарда ва собиқаи тӯлонии фаъъолияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба унвони муҳимтарин гурӯҳ дар саҳнаи сиёсии Миср ба фаъъолият пардохт ва бо эҷоди ҳизби Озодӣ ва адолат ба пирӯзии чашмгир дар интихоботи порлумонии соли 2011 даст ёфт. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии июни соли 2012 низ , Муҳаммад Мурсӣ, номзади ин ҳизб тавонист бар сойири рақибони худ пирӯз шавад ва ба раёсати ҷумҳурии Миср бирасад.
Аз авохири ҳамон сол таҷаммуъҳои эътирозӣ алайҳи бархе иқдомоти давлати Мурсӣ шиддат гирифт, ки ба таҷаммуъи густардаи мухолифон дар авохири моҳи июн ва иқдоми артиш ба барканории вай дар рӯзи 3 июл мунҷар шуд. Ин иқдом чанд моҳи таҷаммуъ ва тазоҳуроти хиёбонии ҳаводорони оқои Мурсиро дар пай дошта, ки гуфта мешавад дар ҷараёни он ҳудуди якҳазор нафар кушта шудаанд. Аксари кушташудагон аз аъзо ва ҳаводорони Ихвонулмуслимин будаанд.
Муҳаммад Мурсӣ аз замони барканорӣ аз раёсати ҷумҳурӣ дар боздошт буда ва ахиран бо як ришта иттиҳомот, аз ҷумла даст доштан дар куштори тазоҳуркунандагон мувоҷеҳ шудааст. Шумори дигаре аз раҳбарони Ихвонулмуслимин ҳам дар боздошт ҳастанд.
