Абдулфаттоҳ Ассисӣ ба унвони раиси ҷумҳури Миср савганд хурд

  • 8 Июн, 2014
Image caption Женерол Сисӣ пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср аз артиш бознишаста шуд

Абдулфаттоҳ Ассисӣ, фармондеҳи собиқи артиши Миср имрӯз ба унвони раиси ҷумҳури ҷадиди он кишвар савганд хурд.

Маросими расмии савганд хӯрдани оқои Сисӣ дар додгоҳи олии қонуни асосӣ анҷом гирифт ва нерӯҳои амниятӣ дар нуқоти калидии шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср дар тули муддати маросим мустақар буданд.

Расонаҳои эронӣ пештар гуфта буданд, ки Амир Абдуллоҳиён, муъовини вазири умури хориҷаи он кишвар аз суи Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар маросими таҳлифи оқои Сисӣ ширкат мекунад.

Оқои Сисӣ, ки акнун аз артиш бознишаста шудааст, тобистони гузашта Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби Мисрро дар як кудетои низомӣ аз қудрат барканор кард.

Миср дар тули ёздаҳ моҳи гузашта дар буҳрони сиёсӣ ба сар бурдааст ва созмони Ихвонулмуслимин, ки Муҳаммад Мурсӣ ба он таъаллуқ дошт, хостори таҳрими интихоботи ахир шуда буд.

Илова бар Ихвонулмуслимин гурӯҳҳои либерол ва ғайридинӣ низ дар эътироз ба нақзи озодиҳои умумӣ аз ширкат дар интихобот худдорӣ карданд.

Бо ин ки давлати Миср эълом кард, ки Абдулфаттоҳ Сисӣ наздик ба 97 дарсади ороро ба даст оварда буд, беш аз ниме аз воҷидини шароити раъй додан дар Миср пойи сандуқҳои раъй нарафтанд.

Ин дар ҳоле аст ки замони интихобот тамдид шуда буд ва мардум се рӯз фурсат доштанд то ба пойи сандуқҳои оро бираванд.

Оқои Сисӣ бо такрори шиъори инқилоби 2011 Миср, ки Ҳуснӣ Муборакро аз қудрат сарнагун кард, гуфтааст ба дунболи "озодӣ" ва "адолати иҷтимоъӣ" дар Миср аст.

Бо ин ҳол беш аз 1400 нафар дар асари кудетои соли гузаштаи ӯ кушта шудаанд ва 16000 нафар ҳам, ки умдатан аз ҳаводорони Ихвонулмуслимин ҳастанд дар зиндон ба сар мебаранд.

Ислоҳоти иқтисодӣ, ғалаба бар фақр ва ҷилавгирӣ аз буҳрони сиёсӣ дар кишваре хаста бо мардуме номутаҳид аз чолишҳои пеши рӯйи оқои Сисӣ ҳастанд, аммо ӯ гуфтааст, ки бо кор ва созандагӣ барои мардум рифоҳ хоҳад овард.

Бо ин ҳол мунтақидони ин женероли собиқ нигаронанд, ки ӯ ҳамчунон дар муқобили мухолифон сиъаи садр нишон нахоҳад дод.

Матолиби муртабит