Ҳашт кушта дар ҳамлаи рокетӣ дар наздикии марзи Миср ва Исроил

  • 14 Июл, 2014
Image copyrightReuters

Манобеъи мисрӣ мегӯянд, ки шаби якшанбе (13 июл) ҳафт шаҳрванди ғайринизомӣ ва як сарбози мисрӣ дар ҳамлае рокетӣ ба шимоли саҳрои Сино кушта шудаанд.

Яке аз рокетҳо ба суперморкете шулӯғ дар шаҳри "Алъариш" исобат кард.

Пас аз он ҳам ду рокет як сохтмони нерӯҳои амниятиро ҳадаф қарор дод.

Ба назар мерасад, ки ҳадафи ин ҳамла сохтмони аслии нерӯҳои амниятии Алъариш будааст.

Минтақаи саҳрои Сино бо Исроил ва Навори Ғазза ҳаммарз аст.

Пайкорҷӯёни исломгаро дар солҳои ахир дар минтақаи саҳрои Сино чандин бор даст ба ҳамалоте задаанд. Онон аз ҷумла талош кардаанд, ки пас аз даргирӣ бо марзбонони мирсӣ вориди Исроил шаванд.

Гуфта мешавад, ки шиддати ҳамалоти ин нерӯҳо пас аз он ки артиши Миср Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури вобаста ба Ихвонулмкслиминро барканор кард, бештар шудааст.

Саҳрои Сино дар ҷараёни ҷанги шашрӯзаи соли 1967 тавассути Исроил ишғол шуд, аммо ба дунболи мувофиқати артиши Миср дар нуфуз ба он дар ҷанги октябри соли 1973 ва паймони сулҳ байни ду кишвар дар соли 1979 нерӯҳои исроилӣ ин минтақаро тахлия карданд ва онро ба Миср вогузор карданд.

Матолиби муртабит