Миср "гузаргоҳи марзии Рафаҳро ба рӯйи захмиҳои Ғазза мегушояд"

  • 10 Июл, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Миср ваъда дода гузаргоҳи Рафаҳро ба рӯй захмиҳои фаластинӣ боз кунад

Дар ҳоле ки даргирии байни Исроил ва фаластиниён дар Ғазза шиддат гирифта ва талафоти сангинеро бар ҷой гузошта, давлати Миср аз бозгушоии гузаргоҳи марзӣ бо Ғазза хабар додааст.

Рӯзи панҷшанбе, 19 тир (10 июл) , хабаргузории расмии Миср гузориш кард, ки давлати ин кишвар тасмим гирифтааст гузаргоҳи марзии Рафаҳро дар рӯзи панҷшанбе бозгушоӣ кунад, то фаластиниёне, ки дар ҷараёни ҳамалоти Исроил захмӣ шудаанд, ба марокизи дармонии Миср интиқол ёбанд.

Аз июли соли 2006 ки ҷунбиши исломгарои Ҳамос бо ихроҷи маъмурони Ташкилоти худгардони фаластинӣ аз навори Ғазза, идораи умури ин бахш аз сарзаминҳои фаластиниро дар даст гирифт, гузаргоҳи марзии Рафаҳ ба рӯйи рафту омади сокинони Ғазза баста буда ва танҳо гаҳгоҳе ба таври муваққат боз шудааст.

Бар асоси тавофуқи Исроил, Миср ва Ташкилоти худгардон, қарор буд маъмурони марзии Ташкилоти худгардони фаластинӣ таҳти назари нозирони Иттиҳодияи Урупо умури марбут ба рафту омад аз ин гузаргоҳро дар даст дошта бошанд, аммо пас аз тасаллути Ҳамос бар Ғазза ва хуруҷи нозирони Иттиҳодияи Урупо, ин гузаргоҳ магар дар мавориде хосс, ба рӯйи рафту омади марзӣ баста будааст.

Аз онҷо ки нерӯи дарёии Исроил обҳои соҳилии Ғаззаро зери назар дорад ва фурӯдгоҳи Ғазза низ фаъол нест, сокинони ин бахш аз сарзаминҳои фаластинӣ танҳо аз тариқи марз бо Миср ва Исроил ба хориҷ дастрасӣ доранд, дар ҳоле ки аз замони тасаллути Ҳамос, Исроил Ғаззаро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дода ва рафту омади марзиро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Ҳамзамон дафтари Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони фаластинӣ дар баёнияе гуфтааст, ки Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раиси ҷумҳурии Миср дар тамоси телефунӣ бо ӯ гуфтааст, ки Миср ба амнияти фаластиниёни сокини Ғазза ва таваққуфи ҳамалоти Исроил таваҷҷуҳи фаровон дорад. Бар асоси ин баёния раиси ҷумҳурии Миср таъкид варзида, ки тамомии талоши худро барои барқарории оташбаси фаврӣ байни Ҳамос ва Исроил ба кор хоҳад гирифт.

Image copyrightReuters
Image caption Аз замони тасаллути Ҳамос бар Ғазза гузаргоҳи Рафаҳ маъмулан баста будааст

Ду соли пеш низ даргирии ҳаштрӯзаи байни артиши Исроил ва Ҳамос саранҷом бо миёнҷигарии Миср ба оташбас мунҷар шуд. Дар айни ҳол давлати Миср ба хусус аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии исломгарои он кишвар, Ҳамосро ба иртибот бо шибҳинизомиёни исломгаро дар минтақаи Сино муттаҳам карда ва равобити ду тараф чандон гарм набудааст, ҳарчанд дар рӯзҳои гузашта гузоришҳо аз талоши Созмонҳои иттилоъотии Миср барои миёнҷигарии байни Исроил ва Ҳамос интишор ёфта буд.

Ташкилоти худгардони фаластинӣ идораи умури сарзаминҳои фаластинии воқеъ дар каронаи бохтарии рӯди Урдунро дар ихтиёр дорад ва ташкилоти идории Ҳамос дар Ғаззаро ба расмият намешиносад. Бо ин ҳама дар моҳи апрел гузориш шуд, ки раҳбарони ташкилоти худгардон ва гурӯҳи Ҳамос бар сари ташкили давлати ваҳдати миллӣ ба тавофуқ расидаанд.

Даргирии сангин дар Ғазза

Ҳамзамон гузоришҳои расида аз навори Ғазза ҳокӣ аз идомаи ҳамалоти ҳавоии Исроил ва мушакпаронии гурӯҳҳои фаластинӣ ба дохили хоки Исроил аст.

Ба гуфтаи манобеъи Ҳамос дар ҳамлаи ҳавоии Исроил дар соъоти аввалияи бомдоди рӯзи панҷшанбе, ҳашти узви як хонавода аз ҷумла панҷ кӯдак кушта шуданд.

Image copyrightAFP
Image caption Ҳамалоти ҳавоии Исроил ба Ғазза хисорот ва талафоти сангине ба ғайринизомиён ворид кардааст

Ҳамалоти сангини ҳавоии Исроил ба навори Ғазза аз рӯзи сешанбеи ин ҳафта оғоз шуда ва ба гуфтаи манобеъи бемористонӣ дар Ғазза, то кунун дасти кам шасту шаш фаластинӣ, ки аксари онон ғайринизомӣ буданд, дар ин ҳамалот ҷони худро аз даст додаанд. Даҳҳо хонаи маскунӣ ва шуморе аз марокизи идории Ғазза низ дар натиҷаи ҳамалоти мушакии Исроил вайрон шудааст.

Артиши Исроил гуфтааст, ки ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ дар Ғазза, марокизи омӯзишии шибҳнизомиёни фаластинӣ, коргоҳҳои тавлиди мушак ва хонаҳои маҳали иқомати аъзои аршади ҷунбиши Ҳамос ва гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ будааст. Рӯзи гузашта Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки давлати ин кишвар омодааст то барои мутаваққиф кардани мушакпаронӣ аз Ғазза ба дохили хоки Исроил, "ҳамалот алайҳи Ҳамос"ро ташдид кунад.

Гурӯҳҳои фаластинӣ низ таҳдид кардаанд ба мушакпаронӣ ба дохили Исроил идома хоҳанд дод ва аз ворид кардани хисорот ва талафоти ҷонӣ дар Исроил хабар додаанд.

Хабаргузории давлатии Эрон - ИРНО - низ ба нақл аз манобеъи фаластинӣ аз кушта шудани теъдоде аз шаҳрвандони Исроил дар асари мушакпаронӣ аз дохили Ғазза хабар дода ва гуфтааст мақомоти исроилӣ аз интишори ахбори воқеъии хисорот ва талафоти ин ҳамалот худдорӣ мекунанд.

Image copyrightAFP
Image caption Шибҳнизомиёни фаластинӣ бархе нуқоти шаҳрии Исроилро ҳадафи мушакпаронӣ қарор додаанд

Мақомоти исроилӣ таъйид кардаанд, ки рӯзи гузашта ҳафтоду ду мушак аз навори Ғазза ба суи шаҳрҳои Исроил, аз ҷумла шаҳри Тел Овив ва ҳамчунини таъсисоти ҳастаии Димуно дар фосилаи ҳаштод килуметрии Ғазза партоб шуд.

Дар бархе аз шаҳрҳои Исроил садои ожири хатар ва фаъолияти шабакаи дифоъи зидимушакӣ шунида шуда, аммои манобеъи исроилӣ аз вуқуъи талафоти инсонии ҳамалоти мушакӣ гузорише надодаанд.

Ҳамзамон дабири кулли Созмони Милал зимни ибрози нигаронӣ аз талафоти ғайринизомии даргирии ахир аз ҳар ду тараф хостааст хештандорӣ ба харҷ диҳанд.

Даргирии кунунӣ, ки шиддати он аз замони даргирии ҳаштрӯзаи ду тараф дар соли 2012 бесобиқа буда, аз се ҳафта пеш ва дар пайи рабуда шудани се навҷавони исроилӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун оғоз шуд. Мақомоти исроилӣ бо муттаҳам кардани Ҳамос ба ин иқдом ба боздошти густардаи тарафдорони ин гурӯҳ дар Каронаи Бохтарӣ мубодират карданд.

Ҳафтаи гузашта аҷсоди ин се навҷавон дар Каронаи Бохтарӣ ёфт шуд ва дар пайи он як навҷавони фаластинӣ рабуда шуд ва ба қатл расид. Гуфта шуда аст ин иқдом тавассути теъдоде яҳудии ифротӣ ва ба талофии қатли се навҷавони яҳудӣ сурат гирифта ва пулиси Исроил то кунун чанд нафарро ба занни иртибот бо ин одамрабоӣ ва қатл боздошт кардааст.

Матолиби муртабит