Ҳамос шаҳрҳои Исроилро бо рокет ҳадаф қарор дод

  • 9 Июл, 2014
Image copyrightna
Image caption Системи "Гунбади оҳанин"-и Исроил теъдоде аз рокетҳои Ҳамосро мунҳадим кардааст

Дар пайи шурӯъи як амалиёти умдаи ҳавоӣ ва дарёӣ тавассути Исроил алайҳи Ҳамос дар Навори Ғазза, пайкорҷӯёни фаластинӣ рокетҳои бештареро ба сӯйи шаҳрҳои Исроил партоб кардаанд.

Ҳамос сешанбе чандин мушакро ба сӯйи Байтулмуқаддас партоб кард, аммо мушакҳо ба ин шаҳр исобат накард. Пештар Исроил гуфт рокетеро, ки ба сӯи Теловив партоб шуда буд, бо сипари зиддимушакии "Гунбади ошҳанин" мунҳадим кардааст.

Ин ҳамалот як рӯз пас аз шурӯъи амалиёти ҳавоии Исроил алайҳи Ғазза, ки ҳадди ақал 25 фаластинӣ дар он кушта шуданд, сурат мегирад.

Исроил Ҳамосро ба партоби садҳо рокет дар рӯзҳои ахир мунҳадим кардааст ва мегӯяд дар вокуниш ба рокетпарониҳо амалиёт анҷом медиҳад.

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, сешанбе аср дар баёнияе навишт: "Ҳеҷ кишваре дар сояи ин хатар зиндагӣ намекунад, ҳеҷ кишвари дигаре дар ҷаҳон нест, ки чунин таҳдидеро таҳаммул кунад."

Ӯ афзуд: "Дар натиҷа мо амалиёти худ алайҳи Ҳамос ва соири гурӯҳҳои теруристӣ дар Ғаззаро ба таври қобили таваҷҷуҳе густариш додаем."

Исроил ихтор дода, ки дар сурати мутаваққиф нашудани рокетҳо мумкин аст бо нерӯи заминӣ вориди Ғазза шавад.

Пештар дар ҳоле, ки артиши Исроил гуфт барои ҷилавгирӣ аз шиллики рокет аз Ғазза дар ҳоли баррасии "ҳамаи гузинаҳо" аст, мақомҳои фаластинӣ гуфтанд дар рӯзи сешанбе ҳадди ақал понздаҳ нафар дар Навори Ғазза кушта шудаанд.

Артиши Исроил мегӯяд аз Душанбе то кунун 131 рокет аз Навори Ғазза ба сӯйи ин кишвар партоб шудааст.

Image copyright
Image caption Аз ҷумла чаҳор узви Ҳамос дар як утумубил кушта шуданд

Исроил муҷаввизи фаро хондани 40 ҳазор сарбози захираро содир кардааст. Садҳо нерӯи захира акнун барои тақвияти сипари дифоъӣ перомуни Ғазза фаро хонда шудаанд.

Гурӯҳи фаластинии Ҳамос гуфта, ки исроилиҳо дар ҳар куҷои ин кишвар ҳадафи ҳамалоти ин гурӯҳ хоҳанд буд.

Маҳмуди Аббос, раҳбари давлати фаластинӣ, хостори таваққуфи фаврии ҳамалоти Исроил ба Навори Ғазза ва хостори оромиш шудааст.

Кохи Сафед тайи баёнияе дар рӯзи сешанбе партоби рокет ба сӯйи Исроилро маҳкум кард ва аз ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ таъкид кард.

Артиши Исроил пештар гуфт, ки ҳуқдуди 150 "маркази теруристиро" дар вокуниш ба ҳамалоти рокетӣ аз Ғазза ҳадаф қарор додааст.

Ин кишвар таъйид кард, ки ҳавопаймоҳо ва киштиҳои нерӯи дарёиаш муҷтамаъҳои пайкорҷӯён, рокетандозҳо ва соири таҷҳизоти Ҳамосро дар Ғазза ҳадаф гирифтаанд.

Мушакҳои Исроил ба хонаи чандин омили Ҳамос, ки Исроил иддаъо мекунад дар шиллики рокет нақш доштаанд, исобат кард. Ба илова он чи Исроил мегӯяд як маркази фармондеҳиро, ки дар як сохтмони ғайринизомӣ аст, ҳадаф қарор гирифт.

Дар ин ҳамалот аз ҷумла чаҳор узви Ҳамос дар шаҳри Ғазза кушта шуданд. ҳар чаҳор нафар сарнишини як утумубил буданд. муҳаммад Шаъбон аз аъзои аршади Ҳамос дар миёни онҳо буд.

Image copyrightReuters
Image caption Воҳидҳои заминии Исроил ба марз бо Ғазза эъзом шуда ва артиш аз эҳтимоли оғози амалиёти заминӣ сухан гуфтааст

Баъд аз он хонаи як раҳбари Ҳамос дар шаҳзри Хон Юнус дар ҷануби Ғазза ҳадаф қарор гирифт, ки шаш нафарро кушт. Ашраф Қадра, сухангӯи вазорати беҳдошт, гуфт, ки ду навҷавон дар миёни куштаҳо буданд. 25 нафари дигар ҳам захмӣ шуданд.

Як сухангӯйи Ҳамос ин ҳамларо маҳкум кард ва онро "ҷинояти ҷангӣ" хонд.

Ин гурӯҳи пайкорҷӯ баъдан гуфт, ки дар рӯзи сешанбе чандин ҳамла алайҳи Урешалим, Теловив ва соири шаҳрҳои Исроил анҷом додааст.

Майқомҳои исроилӣ гуфтанд, ки ҳеҷ кадом аз мушакҳо ба аҳдофи худ исобат накардааст.

Матолиби муртабит