Ҳамалоти ҳавоии тозаи Исроил ба Навори Ғазза

  • 8 Июл, 2014
Image copyrightna
Image caption Мушакҳо пеш аз сапедадам аз ҳамла ба Хон Юнус партоб шуд

Артиши Исроил даст ба ҳамалоти ҳавоии бештаре алайҳи Навори Ғазза задааст, ки дар пайи партоби шуморе рокет тавассути Ҳамос ба сӯйи хоки Исроил анҷом мешавад.

Гузоришҳо ҳокист, ки нуҳ фаластинӣ, аз ҷумла як зан ва ду кӯдак дар тозатарин ҳамалоти ҳавоии Исроил захмӣ шудаанд.

Мақомҳои исроилӣ ба шаҳрҳо то фосилаи 20-килуметрӣ аз марзи Навори Ғазза дастур додаанд мадорис ва урдугоҳҳои тобистони донишомӯзонро таътил кунанд.

Манбаъи пизишкӣ ва амниятии фаластинӣ гуфтаанд, ки нуҳ фаластинӣ дар яке аз ҳамалоти ҳавоии Исроил пеш аз сапедадам ба хонаи як фаъъоли Ҳамос дар Хон Юнус захмӣ шуданд.

Пештар дар рӯзи душанбе ҷунбиши исломии Ҳамос як риштарокетро роҳии ҷануби Исроил кард.

Ҳамос гуфт, ки ин посухе ба “таъаррузоти саҳюнистӣ” буд, ки ишорае аст ба кушта шудани панҷ узви Ҳамос, ки ин гурӯҳ Исроилро масъули он медонад.

Бо ин ҳол Исроил кушта шудани ин панҷ нафарро ба инфиҷори тасодуфии муҳиммот нисбат дода, аммо ба хотири нигаронӣ аз вахомати бештари авзоъ1500 нерӯи захираиро фаро хондааст.

Дар рӯзҳои ахир танишҳо дар иртибот бо қатли се ҷавони исроилӣ ва як навҷавони фаластинӣ башиддат авҷ гирифтааст.

Image copyright
Image caption Ҳамос гуфт ин ҳамалот ба талофии кушта шудани панҷ пайкорҷӯ анҷом мешавад

Як мақоми исроилӣ гуфт, ки душанбешаб ҳудуди 20 рокет дар зарфи чанд дақиқа исобат кард, аммо афзуд, ки чаҳор рокет тавассути системи зиддимушакии мавсум ба “Гунбади оҳанин” мунҳадим шуд.

Ҳамчунин ожири хатар дар Ҳуф Ашкелон ва Шор Ҳонегев ба садо даромад. Гузорише аз ҷароҳоти эҳтимолӣ дар Исроил вуҷуд надорад.

Ҳамос бо судури баёнияе гуфт, ки “даҳҳо рокет” ба чанд шаҳрак дар марказ ва ҷануби Исроил шиллик кардааст.

Пештар як сухангӯйи Ҳамос Исроилро ба куштани панҷ пайкорҷӯ дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии якшанбе муттаҳам карда ва қавл дода буд, ки Исроил “баҳое сангин” хоҳад пардохт.

Бо ин ҳол сарҳанг Питер Лертер, сухангӯйи артиши Исроил, ин иддаъоро рад кард ва гуфт, ки ин мардон рӯзи якшанбе дар тунеле мурдаанд, ки рӯзи панҷшанбе тавассути Исроил бумборон шуда буд.

Ӯ гуфт, ки пайкорҷӯён барои арзёбии хисороти ношӣ аз ҳамлаи ҳавоӣ ба тунел рафта буданд, ки онҷо миқдоре маводди мунаҷира дасткорӣ карданд, ки зоҳиран ба таври тасодуфӣ мунфаҷир шудааст.

Аҳдофи теруристӣ

Артиши Исроил баъд аз ҳамлаи якшанбе эълом карда буд, ки “марокизи теруристӣ ва махфигоҳи рокетпаронҳо”-ро ба талофии партоби рокет ва хумпора аз манотиқи фаластинӣ ҳадаф қарор додааст.

Сарҳанг Лернер гуфт, ки артиш акнун барои вахомати бештари авзоъ омода мешавад ва 1500 сарбози захираро фаро хонда.

Ҳамос ҳамчунин душанбе гуфт, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишин дар рӯзи якшанбе ба нуқтае дар шимоли Ғазза ҳамла карда ва як пайкорҷӯро куштааст.

Ба гузориши шохаи низомии Ҳамос, ду пайкорҷӯёи дигар дар ҳамлаи ҷудогонае дар шарқи урдугоҳи паноҳанагони Бурайҷ дар маркази Ғазза кушта шуданд.

Овигдур Либерман, вазири хориҷаи Исроил, аз он чи вокуниши “заъифи” давлати нахуствазири Бинёмин Нетонёҳу ба ҳамалоти рокетии Ҳамос хонд, интиқод кардааст.

Ӯ рӯзи душанбе гуфт, ки дар натиҷа ҳизби Исроил битну иттиҳоди 20-моҳа бо ҳизби Ликуди оқои Нетонёҳуро канор мегузорад.

Матолиби муртабит