Се мазнуни исроилӣ ба қатли навҷавони фаластинӣ эътироф карданд

  • 7 Июл, 2014
ташйеъи ҷанозаи Муҳаммад АбухзайрImage copyrightGetty
Image caption Ҳазорон нафар дар ташйеъи ҷанозаи Муҳаммад Абухзайр ширкат карданд

Давлати Исроил мегӯяд се нафар аз шаш исроилӣ, ки ба занни куштани як навҷавони фаластинӣ боздошт шуда буданд, ба ҷурми худ эътироф карда ва ҷузъиёти чигунагии анҷоми ин корро барои масъулони қазоӣ тавзеҳ додаанд.

Қатли Муҳаммад Абухзайри 16 сола, як рӯз баъд аз пайдо шудани аҷсоди се навҷавони гумшудаи исроилӣ рух дод ва боъиси эътирози густардаи фаластиниҳо шуд.

Пулиси Исроил мегӯяд, ки муттаҳамони ин қатл масири худраве, ки бо он Муҳаммад Абухзайрро дуздида ва ба ҷангалҳои ҳумаи Байтулмуқаддас бурданд, ташреҳ кардаанд.

Натиҷаи озмоиши пизишкии қонунӣ нишон дод, ки Муҳаммад Абухзайр, ки дучори сӯхтагии 90 дарсад шуда буд, дар ҳангоми сӯхтан зинда будааст.

Пештар Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил бо Ҳусайн Абухзайр, падари Муҳаммад дидор карда буд ва ба ӯ қавл дода буд, ки омилони қатли писарашро муҷозот кунад.

Дар ҳамин ҳоли ҷунбиши фаластинии Ҳамос ваъда додааст, ки интиқоми кушта шудани ҳашт узви ин гурӯҳро аз Исроил бигирад.

Исроил баъд аз ҳамлаи мунҷар ба марги ин афрод эълом кард, ки "маконҳои терруристӣ ва махфигоҳи рокетпаронҳо"-ро ба талофии партоби рокет ва хумпора аз манотиқи фаластинӣ ҳадаф қарор додааст.

Ҳамалоти Исроил ба Ғазза баъд аз пайдо шудани ҷасади се навҷавони гумшудаи исроилӣ шиддат гирифт ва баъд аз он қатли навҷавони фаластинӣ ба танишҳо доман зад.

Матолиби муртабит