Интиқоди Омрико аз ҳамлаи пулиси Исроил ба навҷавони омрикоии таҳти боздошт
Image copyrightAPВазорати умури хориҷаи Омрико аз эроди зарбу ҷарҳ ба Торуқ Хзайр, як навҷавони 15-солаи фаластинӣ-омрикоӣ дар боздошти пулиси Исроил ибрози нигаронӣ кардааст.
Тасовире, ки рӯзи панҷшанбе гирифта шуда, нишонгари ҳамлаи ду маъмури пулиси Исроил ба ин писарбачаи таҳти боздошт аст ва мушт задани пулис ба ноҳияи сар ва сурати ӯ дар тасовире, ки бо телефуни ҳамроҳ гирифта шуда, комилан мушаххас аст.
Маъмури пулиси Исроил дар ҳоле ки Торуқ Хзайрро бар рӯйи замин хобонда буданд, ӯро ба шиддат лагад заданд.
Дар аксе, ки баъдан аз Торуқ Хзайр гирифта шуд, сурати комилан мутаваррими ӯ дар асари заработи мушт ва лагади маъмурони пулиси Исроил низ комилан машҳуд аст.
Исроил аз озод кардани ин писарбачаи маҷрӯҳи фаластинӣ худдорӣ кардааст, аммо дирӯз иҷоза дод, ки як маъмури кунсулии Омрико бо ӯ мулоқот кунад.
Ҷон Псокӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Омрико рафтори пулиси Исроил бо Торуқ Хзайрро маҳкум карда ва хостори расидагии сареъ ва шаффоф ба суирафтори маъмурони пулиси исроилӣ шудааст.
Исроил мегӯяд пулис дар ҳоли таҳқиқ дар ин бора аст.
Торуқ Хзайр, ки сокини иёлати Флуридо дар ҷануби шарқи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аст, яке аз бастагони Муҳаммад Абухзайр, навҷавоне аст, ки чанд рӯз пеш дар арозии ишғолшуда дар ҳошияи минтақаи яҳудинишини шаҳри Байтулмуқаддас ба тарзи фаҷеъе ба қатл расид.
Бар асоси натиҷаи колбудшикофии бадани Муҳаммад Абухзайр мушаххас шудааст, ки рабояндагони ӯ, ки гуфта мешавад аз шаҳракнишинони яҳудӣ ҳастанд, ин навҷавони фаластиниро зинда оташ зада ва сӯзондаанд.
Осори зарбу чарҳ низ дар бахше аз бадани Муҳаммад Абухзайр, ки комилан сӯхта буд, намоён будааст.
Шаҳракнишинони яҳудӣ дар гузашта ба далели бадрафторӣ бо фаластиниён ва тахриби амвол ва маҳсулоти кишоварзии онҳо, аз ҷумла решакан кардан ва ё сӯзондани дарахтони зайтуни кишоварзони фаластинӣ борҳо мавриди эътироз қарор гирифтаанд.
Пас аз эъломи натиҷаи колбудшикофии Муҳаммад Абухзайр эътирозоти фаластиниён аз Байтулмуқаддас ба манотиқи густардатаре сироят ёфт ва пулиси Исроил алайҳи муътаризон аз гулӯлаи лостикӣ, норинҷаки савтӣ ва гози ашковар истифода кардааст.
Маросими ташйеъи ҷанозаи ин навҷавон рӯзи ҷумъа дар ҳузури ҳазорон шаҳрванди фаластинӣ баргузор шуд.
Алорағми талоши Миср барои барқарории оташбас бумборони фаластиниёни сокини Ғазза тавассути нерӯи ҳавоии Исроил ҳам то рӯзи гузашта идома доштааст.
