Юриши Исроил ба Алхалил ба боздошти 80 шаҳрванди фаластинӣ анҷомид

  • 15 Июн, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Юриш ба манозили фаластиниён дар соъати шаб идома дошт

Дар пайи нопадид шудани се ҷавони исроилӣ дар минтақаи Каронаи Бохтарии рӯди Урдун, артиши Ирсоил бо юриш ба манозили шаҳрвандони фаластинӣ дар Алхалил ҳаштод нафарро боздошт кардааст.

Ин се муҳассили улуми динӣ, ки ду нафари онҳо 16-сола ва дигаре 19-сола ҳастанд, рӯзи панҷшанбе дар наздикии як шаҳраки яҳудинишин дар арозии ишғошуда тавассути Исроил дар шимоли Алхалил нопадид шуда буданд.

Юриш ба манозили фаластиниён дар соъоти шаб идома дошт.

Давлати Исроил дирӯз муддаъӣ шуда буд, ки ин се нафар тавассути як "гурӯҳи теруристӣ" рабуда шудаанд ва давлати худгардони фаластиниро масъули амнияти онҳо донистааст.

Мақомҳои фаластинӣ аз ҳамкории худ барои ёфтани ин се навҷавон хабар додаанд, аммо гуфтаанд, ки онҳо дар минтақае, ки таҳти ишғол ва кунтрули комили Исроил аст, нопадид шудаанд.

Артиши Исроил дар баёнияе бо ишора ба гаравгонгирии Гилъод Шалит, сарбози исроилӣ дар соли 2006 гуфтааст, ки ин се нафар мумкин аст барои мубодила бо зиндониёни фаластинӣ рабуда шуда бошанд.

Ҷунбиши Ҳамос Гилъод Шалитро дар соли 2011 ва дар пайи муқовимати Исроил бо озод кардани як ҳазор зиндонии фаластинӣ озод кард.

Исроил музокироти сулҳ бо Ташкилоти худгардони фаластиниро дар пайи ташкили давлати ваҳдати миллӣ ба василаи Созмони Озодибахши Фаластин ва ҷунбиши Ҳамос ба ҳолати таълиқ даровардааст.

Давлати ростгарои Бинёмин Нетонёҳу гуфтааст бо давлате фаластинӣ, ки Ҳамос дар он ширкат дорад, вориди музокира нахоҳад шуд.

Матолиби муртабит