Интиқоди намояндаи Созмони Милал дар музокироти сулҳ аз рафтори давлати Исроил

  • 20 Апрел, 2014
Роберт СеррӣImage copyrightReuters
Image caption Роберт Серрӣ, диплумоти ҳуландӣ аз соли 2007 намояндаи созмони Милали Муттаҳид дар музокироти сулҳи Ховари Миёна будааст

Роберт Серрӣ, намояндаи созмони Милали Муттаҳид дар музокироти сулҳи Ховари Миёна аз мақомоти исроилӣ ба далели эҷоди таъхир дар расидани ӯ ба маросими мазҳабии Иди пок дар Байтулмуқаддас интиқод кардааст.

Ӯ рафтори Исроилро ғайриқобилиқабул тавсиф карда ва хостори эҳтиром гузоштани он кишвар ба озодиҳои динӣ шудааст.

Оқои Серрӣ ба ҳамроҳи чандини диплумот ва даҳҳо шаҳрванди фаластинӣ, ки хостори ҳузур дар маросими Иди пок буданд, дар як пусти бозрасии исроилӣ маътал монда буданд.

Ӯ гуфта рафтори маъмурони исроилӣ бо маросими сулҳомези Иди пок муносиб набудааст.

Ҳазорон зоири масеҳӣ дар Байтулмуқаддас барои маросими Иди пок ҷамъ шудаанд.

Давлати Исроил дар вокуниш ба ин эътирози намояндаи созмони Милали Муттаҳид дар музокироти сулҳ ҳодисаи рӯзи гузаштаро "ҷузъӣ" талаққӣ карда ва оқои сирриро ба доштани "мушкили ҷиддӣ дар ташхиси (воқеъият)" муттаҳам кардааст.

Фаластиниҳо ба таври мукаррар аз рафтори маъмурони амниятии исроилӣ шикоят доштаанд, аммо бадрафтоӣ бо намояндагони сиёсии давлатҳои хориҷӣ камтар гузориш мешудааст.

Оқои Серрӣ як диплумоти ҳуландӣ аст, ки аз соли 2007 намояндаи созмони Милали Муттаҳид дар музокироти сулҳи Ховари Миёна будааст.

Матолиби муртабит