Омрико ва Исроил тавофуқи гурӯҳҳои рақиби фаластиниро мавриди интиқод қарор доданд
Image copyrightReutersТавофуқи ду гурӯҳи фаластинӣ барои ҳалли ихтилоф ва ҳамкории сиёсӣ бо якдигар вокуниши манфии Исроил ва ибрози нигаронии Омрикоро дар пай овардааст.
Соъоте пас аз интишори баёнияи муштараки Созмони Озодибахши Фаластин ва ҷунбиши Ҳамос дар мавриди тавофуқ бар сари ташкили давлати ваҳдати миллӣ, вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида нисбат ба таъсири ин таҳаввул бар раванди музокироти сулҳи Ховари Миёна ибрози нигаронӣ кард.
Ҷен Псокӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико, "замонбандии эъломи ин тасмим"-ро низ боъиси сархӯрдагӣ дар мавриди ҳалли ихтилофи байни фаластиниён ва Исроил донист. Хонуми Псокӣ гуфт: "Ин таҳаввул метавонад ба таври ҷиддӣ на танҳо талоши Иёлоти Муттаҳида, балки кӯшиши тарафайн дар музокироти сулҳи Ховари Миёна барои идомаи ин музокиротро бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ созад."
Вай афзуд, ки давлати Омрико раванди иҷрои тавофуқи ахир ва иқдомоти фаластиниёнро тайи соъот ва рӯзҳои оянда бадиққат дунбол кард ва нисбат ба ин иқдомот вокуниши муносиб нишон хоҳад дод.
Сухангӯйи вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки давлати ин кишвар назари худ дар бораи тавофуқи ахирро ба иттилоъи Ташкилоти худгардони фаластинӣ расонда, аммо афзудааст, ки интизори фаластиниён дар мавриди музокироти сулҳ тағйире наёфта ва лозим аст фаластиниён басароҳат тавассул ба хушунатро нафй кунанд, мавҷудияти Исроилро ба расмият бишносанд ва таъаҳҳуди худро ба роҳи ҳалле шомили ташкили кишвари мустақилли фаластинӣ дар канори Исроил мавриди таъкид қарор диҳанд.
Дар вокуниш ба хабари тавофуқи СОФ ва Ҳамос, раиси шиъаи кумитаи масъули эътои кумакҳои хориҷӣ дар Маҷлиси намояндагони Омрико гуфтааст, ки тавофуқи ахир мумкин аст кумакҳои молии Иёлоти Муттаҳида ба Ташкилоти худгардони фаластиниро ба мухотира андозад. Иёлоти Муттаҳида ҳарсола ҳудуди панҷсад милюн дулорро ба шакли кумаки молӣ дар ихтиёри ин ташкилот қарор медиҳад. Яке аз намояндагони аршади маҷлиси сенои Омрико ҳам ҳушдор додааст, ки тавофуқи ахир натанҳо метавонад музокироти сулҳро мутаваққиф кунад, балки эҳтимол дорад тасвиби кумаки молии Омрико ба Ташкилоти худгардони фаластиниро низ бо душворӣ мувоҷеҳ созад.
Ҳамзамон, давлати Исроил тасмими Ташкилоти худгардони фаластинӣ ба мушорикат бо Ҳамос дар давлати ваҳдати миллиро ноқизи таъаҳҳуди фаластиниён ба ёфтани роҳи ҳалле мусолиматомез барои ихтилоф бо Исроил дониста ва гуфтааст, ки даври баъдии музокироти сулҳ бо намояндагони Ташкилоти худгардонро, ки қарор буд сешанбеи оянда баргузор шавад, лағв кардааст. Телевизиюни Исроил гуфтааст, ки Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, дар ҷаласаи изтирории ҳайъати давлат дар рӯзи панҷшанбе таҳаввулоти ахирро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Ҷунбиши Фатҳ ба раёсати Маҳмуди Аббос, бузургтарин ҷиноҳ дар Созмони Озодибахши Фаластин аст ва бар асоси тавофуқномаи соли 1993-и Услу мавҷудияти Исроил ва давлати мустақили фаластинӣ дар канори Исроилро ба расмият мешиносад ва ба роҳи ҳалли мусолиматомези ихтилоф бо Исроил мутаъаҳҳид аст.
Дар муқобил ҷунбиши Ҳамос монанди шуморе дигар аз "гурӯҳҳои тундрави фаластинӣ" мавҷудияти Исроил ва музокироти сулҳро мардуд дониста ва аз азимати мусаллаҳона алайҳи Исроил ҳимоят мекунад. Ин гурӯҳ масъули иқтдомоте монанди созмондиҳӣ ва ҳимоят аз бумбгузории интиҳорӣ ва ҳамалоти мушакӣ ба хоки Исроил шинохта шуда ва Омрикову Иттиҳодияи Урупо онро як созмони теруристӣ медонанд ва аз барқарории иртибот бо он ё кумаки молӣ ба ин гурӯҳ худдорӣ мекунанд. Вуруди Ҳамос ба Ташкилоти худгардони фаластинӣ метавонад иртиботи Ғарб бо ин ташкилот ва кумаки молии Ғарб ба онро бо мушкилоте мувоҷеҳ созад.
