Исроил муфтии аъзами Байтулмуқаддасро озод кард

  • 8 Май, 2013
шайх Муҳаммад Ҳусайн
Image caption Ташкилоти худгардони фаластинӣ хоҳони озодии фаврии муфтии аъзами Байтулмуқаддас шудааст

Пулиси Исроил, шайх Муҳаммад Ҳусайн, муфтии аъзами Байтулмуқаддасро, ки ба далели нооромӣ дар як макони мазҳабӣ дар шаҳр боздошт карда буд, озод кардааст.

Сухангӯи пулиси Исроил гуфтааст, ки шайх Муҳаммад Ҳусайнро боздошт кардаанд ва қарор аст аз ӯ дар бораи даргирӣ миёни намозгузорони мусалмон бо боздидкунандагони яҳудӣ бозҷӯйӣ шавад.

Нерӯҳои исроилӣ шайх Муҳаммадро аз хонааш ба посгоҳи пулис мунтақил кардаанд.

Дар вокуниш ба ин боздошт намояндагони маҷлиси Урдун аз давлати ин кишвар хостаанд то сафири Исроил дар Урдунро ихроҷ кунад.

150 намояндаи маҷлиси Урдун аз давлати ин кишвар хостаанд, то сафири Исроилро ихроҷ кунад ва сафири худро аз Тел-Овив фаро хонад.

Даргирии миёни мусалмонон ва яҳудиён рӯзи гузашта сурат гирифт.

Сухангӯи пулиси Исроил гуфтааст, ки мусалмонон ба суи боздидкунандагони яҳудӣ аз амокини муқаддас сандалӣ партоб кардаанд.

Ин амокин барои мусалмонон ва яҳудиён ҳоизи аҳамият аст.

Мусалмонон муҳавватаи ҳарами шарифро сеюмини макони муқаддаси худ пас аз Макка ва Мадина медонанд ва яҳудиён низ ин муҳавватаро Кӯҳи маъбад мехонанд ва мегӯянд, ки ду маъбади яҳудӣ пеш аз ин дар ин муҳаввата барқарор будааст.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ "мақомоти ишғолгари Исроил"-ро ба далели боздошти муфтии аъзами Байтулмуқаддас маҳкум кардааст.

Дар баёнияи содиршудаи Ташкилоти худгардони фаластинӣ оқои Аббос хоҳони озодии фаврии шайх Муҳаммад Ҳусайн шудааст.

Боздошти муфтии аъзами Байтулмуқаддас замоне сурат гирифта, ки исроилиҳо дар ҳоли ҷашн барои "рӯзи Байтулмуқаддас" ҳастанд.

Онҳо ин рӯзро ба хотири "ваҳдати" Байтулмуқаддас пас аз ишғоли бахши шарқии шаҳр тайи ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ҷашн мегиранд.

Матолиби муртабит