Исроил музокироти сулҳ бо фаластиниёнро мутаваққиф мекунад

  • 24 Апрел, 2014
Бинёмин НетонёҳуImage copyrightAFP
Image caption Нахуствазири Исроил мегӯяд: "Ҳар кӣ Ҳамосро интихоб карда, хостори сулҳи набудааст"

Исроил дар вокуниш ба эътилофи Фатҳ ва Ҳамос, музокира бо фаластиниёнро мутаваққиф кард.

Ин тасмим баъд аз ҷаласаи изтирории шашсоъатаи Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил бо аъзои кобина эълом шуд.

Ду ҷиноҳи фаластинии Фатҳ ва Ҳамос рӯзи чаҳоршанбе эълом карданд дар ҳафтаҳои оянда як давлати эътилофӣ ташкил хоҳанд дод.

Ихтилофи ду гурӯҳи фаластинӣ ҳафт соли пеш, баъд аз кашмакаш бар сари кунтрули навори Ғазза, шиддат гирифт.

Овигдур Либерман, вазири хориҷаи Исроил гуфта паймони иттиҳоди Фатҳ ва Ҳамос, тавофуқи сулҳро "ғайримумкин" кардааст.

Давлати Исроил қасд дорад илова бар таваққуфи музокирот фаластиниёнро ҳам таҳрим кунад.

Ҷонотон Моркус, хабарнигори Би-би-сӣ дар умури диплумотик мегӯяд изҳороти оқои Нетонёҳу мехи дигаре бар тобути музокироти дар ҳоли эҳтизори сулҳ аст.

Матолиби муртабит