Вазири дифоъи Омрико Эронро ба нақзи таъаҳҳудоти Шӯрои Амният муттаҳам кард

  • 7 Март, 2014
Image copyrightIDF

Чок Ҳейгл, вазири дифоъи Омрико, дар дидор бо Мушъа Яълун, ҳамтои исроилиаш дар ҷараёни ҷузъиёти амалиёти Исроил дар дарёи Сурх, ки мунҷар ба тавқифи киштии эронӣ шуд, қарор гирифт.

Вазири дифоъи Омрико бо тақдир аз муваффақияти ин амалиёт тасреҳ кард: "Рӯшан аст, ки иқдомоти ғайриқонунӣ аз сӯйи Эрон ғайриқобили қабули ҷобеъаи байналмилалӣ ва нақзи ошкори таъаҳҳудоти Шӯрои Амнияти СММ дар Эрон аст."

Исроил панҷуми март эълом кард, ки як киштии ҳомили силоҳ аз Эронро дар дарёи Сурх тавқиф кардааст.

Бар асоси ин гузориш, киштии тавқифшуда озими Ғазза буда ва барои гурӯҳи Ҳамос силоҳ ҳамл мекардааст.

Исроил мегӯяд дар ин киштӣ рокетҳои сохти Сурия кишф карда ва акнун киштиро ба сӯйи савоҳили Исроил ҳидоят кардааст.

Як манбаъи расмии дифоъии Исроил гуфта буд, ки ин киштӣ бо парчами Пономо дар ҳоли ҳаракат буда ва нерӯи дарёии Исроил онро дар обҳои байналмилалӣ дар наздикии савоҳили Судон ва Эритре дар дарёи Сурх тавқиф кардааст.

Бар асоси гузориши манобеъи расмии Исроил ҳафтаҳ хадамаи ин киштӣ зоҳиран аз маҳмулаи он беиттилоъ будаанд.

Ҳамос, ки кунтрули Навори Ғаззаро дар даст дорад, ирсоли силоҳ аз Эронро такзиб карда ва гузориши манобеъи исроилиро талоши ин кишвар барои идомаи муҳосираи Ғазза тавсиф кардааст.

Мақомоти эронӣ ва судонӣ иттиҳоми ирсоли аслиҳа барои гурӯҳи фаластинии Ҳамос дар Ғаззаро такзиб кардаанд.

Рӯзи панҷшанбеи 6 март, воҳиди марказии хабар изҳороти Ҳусейнамир Абдуллоҳиён, муъовини вазорати хориҷаи Эронро мунташир кард, ки дар мавриди хабари тавқифи киштии эронии ҳомили аслиҳа барои гурӯҳи Ҳамос гуфтааст: "Иддаъои ирсоли киштии ҳомили аслиҳа аз Эрон ба сӯйи Ғазза сиҳҳат надорад."

Оқои Абдуллоҳиён гуфтааст: "Асосан убур ё ҳаракати киштии ҳомили силоҳ аз Эрон б сӯйи Ғазза ҳеҷ гуна воқеъият ва вуҷуди хориҷӣ надорад ва сирфан мубтанӣ бар дурӯғпардозии такрорӣ ва бепояи саҳюнистҳост".

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ҳам дар Твитери худ навиштааст: "Киштии ҳомили таслиҳот барои Ғазза. Ҳамзамон бо муборизаи солонаи Ойпек алайҳи Эрон! Тасодуфе ҳайратовар ё ҳамон дурӯғҳои варшикаста!". Ойпек, ё кумитаи омрикоӣ-исроилии умури умумии як гурӯҳи фишори тарафдори Исроил дар Иёлоти Муттаҳида аст.

Ҳамчунин ба нақл аз як манбаъи вазорати умури хориҷаи Судон гузориш шудааст, ки ин кишвар бо ҳамли таслиҳоти аслиҳа иддаъое Исроил иртиботе надорад.

Матолиби муртабит