Исроил 'омилони инфиҷор' дар маркази яҳудиёни Оржонтинро куштааст

  • 3 Январ, 2014
Инфиҷори сохтмони ОМИО
Image caption Инфиҷори сохтмони ОМИО маҳибтарин бумбгузории таърихи Оржонтин аст

Як мақоми собиқи исроилӣ гуфтааст, ки аксари афроди муртабит бо бумбгузорӣ дар марокизи яҳудиёни Оржонтин ба қатл расидаанд.

Итзок Овирон, сафири пешини Исроил дар Оржонтин, дар мусоҳибае бо хабаргузории яҳудиёни Оржонтин, Эй-ҷей-эн (AJN), гуфтааст, ки Исроил тавониста аксари касонеро, ки пушти ҳамалоти хунин ба сафорати Исроил ва як маркази фарҳангии яҳудиён дар Оржонтин буданд, ба қатл бирасонад.

Дар моҳи марти соли 1992 як худрави бумбгузоришуда дар баробари сафорати Исроил дар Буэнус-Ойрес, пойтахти Оржонтин, мунфаҷир шуд, ки бист нафарро кушт ва беш аз дувист нафари дигарро захмӣ кард.

Дар инҷифори маҳибтаре дар моҳи июли соли 1994 сохтмони созмони фарҳангии мавсум ба “Анҷумани мутақобили Исроил ва Оржонтин” (ОМИО) дар Буэнус-Ойрес ҳадафи бумбгузорӣ қарор гирифт, ки 85 кушта ва 300 захмӣ барҷой гузошт.

Оқои Овирон, ки байни солҳои 1993 ва 2000 сафири Исроил дар Оржонтин буд, дар мусоҳибаи ахири худ бо ишора ба ин ҳамалот гуфтааст: “Аксарияти афроди масъули ин иқдомот дигар дар ин ҷаҳон нестанд ва мо худамон тартиби корро додем.”

Вай аз афроди хоссе дар ин маврид ном набурда ва мушаххас накардааст, ки миллияти онҳо чи буда ва ба чи сурат кушта шудаанд.

Сафири пешини Исроил дар Оржонтин дар айни ҳол гуфтааст, ки адолат дар мавриди ҳомиёни аслии ин амалиёт ҳанӯз ба иҷро дарнаёмада ва афзудаст: “Ҳанӯз ҳам лозим аст Оржонтин дақиқан ҷавоб диҳад, ки дар иртибот бо ин ҳамалот чи рӯй додааст.”

Image caption Шуморе аз мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ аз ҷумлаи афроди мазнун ба иртибот бо инҷифорҳои Буэнус-Ойрес будаанд

Итзок Овирон афзудааст, ки “мо медонем чи касоне масъули инфиҷор дар баробари сафоратхонаи Исроил буданд ва ҳамон афрод муртакиби инфиҷори дувум ҳам шуданд.”

Вай давлати Оржонтинро муттаҳам карда, ки иқдоми лозимро “барои расидан ба умқ ва кашфу ифшои тамомии абъоди ин ҳамалот” сурат надодааст.

Дар пайи инфиҷор дар як маркази фарҳангии яҳудиён, Гурӯҳи Ҷиҳоди Исломӣ, ки як созмони тундрави фаластинӣ аст, масъулияти бумбгузориро бар уҳда гирифт.

Иттиҳом алайҳи Эрон

Дар айни ҳол, Исроил ва Омрико муътақиданд, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар созмондеҳӣ ва ҳимоят аз ин ҳамалот даст дошта ва асомии шуморе аз мақомоти вақти Эрон ба унвони афроди муртабит бо тарроҳии ин ҳамалот матраҳ шудааст.

Image caption Инфиҷор дар баробари сафорати Исроил дар Буэнус-Ойрес низ ба гурӯҳҳои тундрави вобаста ба Эрон нисбат дода шудааст

Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Алӣ Фаллоҳиён, вазири иттилоъоти вақт, Аҳмади Ваҳидӣ, вазири дифоъи собиқ ва фармондеҳи вақти нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорон, Муҳсини Ризоӣ, фармондеҳи вақти Сипоҳи Посдорон, Акбари Вилоятӣ, вазири пешини умури хориҷа ва як узви сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Оржонтин ва ҳамчунин чанд фард ва созмони лубнонӣ аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки дар иртибот бо ин ҳамалот аз онҳо ном бурда шудааст.

Додситонии Оржонтин барои бархе аз ин афрод, аз ҷумла оқоён Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Аҳмади Ваҳидӣ, ҳукми боздошти байналмилалӣ содир кардааст.

Рӯзномаи исроилии “Ҷерузолем Пуст” дар гузорише дар мавриди мусоҳибаи сафири пешини Исроил дар Оржонтин Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии феълии Эронро, низ муттаҳам карда, ки дар ҳайъате узвият дошт, ки раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ онро маъмури тарроҳии ин ҳамалот карда буд.

Ин иттиҳом пештар низ тавассути бархе манобеъ матраҳ шуда буд, аммо дар моҳи июни соли гузашта рӯзномаи исроилии “Тоймз ов Изроил” ба нақл аз мақомоти қазоии Оржонтин ин иттиҳомро нодуруст хонд.

Моҷарои бумбгузорӣ дар марокизи яҳудиёни Оржонтин илова бар таъсиргузорӣ бар ваҷҳаи ҷаҳонӣ ва равобити Оржонтин бо Ҷумҳурии Исломӣ, табаъоте низ барои сиёсати дохилии Оржонтин доштааст.

Аз ҷумла яке аз қуззоти таҳқиқ дар мавриди ин парванда ба иттиҳоми иқдом дар ироаи шавоҳиди кизб (дурӯғин) аз кор барканор шуда ва дар соли 2012 қувваи қазоияи Оржонтин Корлус Менем, раиси ҷумҳурии вақти ин кишварро, дар иртибот бо пайгирии ин бумбгузорӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дод.

Image caption Давлати Оржонтин барои кашф ва ифшои “ҳақоиқи” марбут ба бумбгузориҳо таҳти фишор будааст

Оқои Менем муттаҳам шуд, ки бо дарёфти ришва кӯшида буд шавоҳиди марбут ба иртиботи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ин бумбгузориҳоро кетмон (пинҳон) кунад.

Мақомоти эронӣ ҳамвора ҳар навъ иртиботе бо ин инфиҷорҳоро такзиб кардаанд ва авоили соли гузаштаи милодӣ мақомоти оржонтинӣ эълом карданд, ки бо давлати Эрон ба тафоҳум расидаанд, то дар ташкили як “кумитаи ҳақиқатёби” муташаккил аз афроди мустақил барои баррасии ин вақоеъ ҳамкорӣ кунанд.

Дар моҳи ноябр додситони парвандаи инфиҷор дар ОМИО ин тафоҳумномаро ноқизи истиқлоли қувваи қазоия ва дар натиҷа, муғойири Қонуни асосии Оржонтин, донист ва хостори лағви он шуд.

Бо вуҷуди гузашти 10 сол аз инфиҷори ОМИО фишор бар давлати Оржонтин барои такмил ва эъломи натиҷаи таҳқиқот дар ин замина идома доштааст.

Аз ҷумла, дар моҳи июли соли гузашта ба муносибати солгарди ин ҳодиса таҷаммуъи густардае баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар он хостори “иҷрои адолат” дар мавриди омилон ва созмондиҳандагони ин ҳамалот шуданд.

Матолиби муртабит