Ҳоли Ориел Шорун, нахуствазири собиқи Исроил, 'бадтар' шудааст

Пизишкон мегӯянд ҳоли Ориел Шорун, нахуствазири собиқи Исроил, ки аз соли 2006 дар кумо (бедамудуд) ба сар мебарад, бадтар шудааст.
Рӯзи чаҳоршанбеи аввали январ (11 дай) расонаҳои Исроил эълом карданд, ки ӯ аз норасоии куля (гурда) ранҷ мебарад.
Ориел Шорун дар соли 2001 ба қудрат расид, аммо танҳо чаҳор сол баъд бар асари сактае хафиф роҳии бемористон шуд ва каме баъд аз он дар соли 2006 бар асари як сактаи мағзии шадид ба кумо рафт.
Оқои Шорун дар Исроил аз маҳбубияти вижае бархурдор аст ва аз ӯ ба унвони як фармондеҳи низомии муҳтарам ёд мекунанд, касе ки ба ақидаи исроилиҳо, "амният ва сулҳи воқеъиро" барои ин кишвар ба армуғон овардааст.
Аммо дар баробари ин, фаластиниён аз ӯ ба иллати кушторҳо дар урдӯгоҳҳои Сабро ва Шатило бо унвони "қассоби Бейрут" ёд мекунанд.
Дар соли 1982, ки кушторҳои Сабро ва Шатило дар ҷараёни ҷангҳои дохилии Лубнон рӯй дод, Ориел Шорун вазири дифоъи Исроил буд ва ин ду урдӯгоҳ таҳти кунтрули нерӯҳои дифоъии Исроил буданд.
Ориел Шорун аз мудофеъони шаҳраксозӣ дар манотиқи ишғолӣ ва Навори Ғазза аст. Ӯ ҳамчунин аз пешгомони эҳдоси девори ҳоил (боздоранда) дар Ғазза буд.
Бо ин ҳол, дар соли 2005 бо вуҷуди мухолифатҳои бисёр дар дохили Исроил, Ориел Шорун ба нерӯҳои артиши Исроил дастур дод Навори Ғаззаро тахлия кунанд.
