Исроил аввалин гурӯҳи зиндониёни фаластиниро озод мекунад

  • 12 Август, 2013
Image caption Озодии зиндониён яке аз хостаҳои аслии фаластиниён аст

Давлати Исроил дар чорчуби гуфтугӯҳои сулҳ бо фаластиниҳо ва дар марҳилаи аввал аз як рунди тӯлонӣ, бо озодии 26 зиндонии фаластинӣ мувофиқат кардааст.

Қарор аст, ки ассомии ин афрод дар вебсойти созмони зиндонҳои Исроил эълом шавад.

Бинобар баёнияи дафтари нахуствазири Исроил, 14 нафар аз ин зиндонҳо аҳли Ғаза ва 12 нафар низ аз Каронаи ғарбии руди Урдун ҳастанд.

Барномаи давлати ростгарои Бенёмин Нетонёҳу барои озодии даҳҳо зиндонии фаластинӣ дар Исроил ҷанҷолбарангез будааст.

Гуфта мешавад, Омрико барои ҷалби эътимоди фаластиниҳо дар раванди сулҳ бар озодии шуморе аз зиндониёни онҳо таъкид дорад, аммо дар дохили Исроил хонаводаи баъзе аз касоне, ки дар ҳамалоти гурӯҳҳои фаластинӣ кушта шудаанд, тайи ҳафтаи гузашта ба тасмими давлати Исроил ба шиддат эътироз кардаанд.

Давлати оқои Нетонёҳу мегӯяд, ки ҳашт нафар аз ин зиндониёни “амниятӣ” қарор буд, ки пас аз се соли дигар озод шаванд, ду нафари онҳо низ шаш моҳи аз муддати ҳабсашон боқӣ монда буд.

Ин тасмим рӯзи якшанбе дар як ҳайъати баландпоя бо раёсати Муше Яълун, вазири дифоъи Исроил иттихоз шуд. Зипи Ливнӣ, вазири додгустарӣ, ки музокиракунандаи аршади Исроил дар рунди музокироти сулҳ аст, низ дар ин ҳайъат узвият дорад.

Дар баёнияи дафтари нахуствазири Исроил оамадааст: “Ин зиндониҳо 48 соъат пас аз интишори ассомӣ озод хоҳанд шуд. Дар ҷараёни баррасии озодии онҳо бар ин нукта таъкид шуд, ки агар ҳатто яке аз касоне, ки озод мешавад ба фаъъолиятҳои тахосумҷӯёна алайҳи Исроил даст бизанад, барои такмили давраи ҳабс ба зиндон баргардонида хоҳад шуд.”

Ин тасмим се рӯз пеш аз дидори музокиракунандагони исроилӣ ва фаластинӣ дар Байтулмуқаддас анҷом мешавад. Дидори пешини онҳо ҳудуди ду ҳафта пеш дар Вошингтун, пойтахти Омрико, анҷом шуда буд.

Шаҳраксозиҳои ҷадид

Аз сӯйи дигар таъйиди тарҳи сохти беш аз як ҳазор воҳиди маскунии ҷадид дар шаҳракҳои яҳудинишин дар арозии ишғолии фаластинӣ аз сӯйи давлати Исроил бо хашми фаластиниён рӯбарӯ шудааст.

Урӣ Ориел, вазири маскани Исроил гуфтааст, ки ин воҳидҳои маскунӣ дар Каронаи ғарбӣ ва Шарқи Байтулмуқаддас сохта мешаванд.

Музокиракунандагони фаластинӣ гуфтанд, ки таъйиди тарҳи афзоиши воҳидҳои маскунӣ дар шаҳракҳои яҳудинишин метавонад муҷиби зери савол рафтани хулуси нияти Исроил дар музокира бошад.

Соиб Ариқот, музокиракунандаи аршади фаластинӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфт: “Агар давлати Исроил бовар дорад, ки метавонад ҳар ҳафта бо тавсеъаи шаҳракҳо хутути қирмизро рад кунад ва ба ин рафтори худ идома диҳад, дар воқеъ таблиғи бесуботӣ дар минтақаро мекунад.”

Ҳанон Ашровӣ, узви Кумитаи иҷрои Созмони Озодибахши Фаластин низ ба Би-би-сӣ гуфт: “Ба назари мо, Исроил амдан қасд дорад ба Омрико ва кишварҳои дигар паём диҳад, ки “Мо мехоҳем ба тасарруфи заминҳои бештар идома диҳем, шаҳракҳои бештаре бисозем ва роҳҳали эҷоди ду кишварро аз байн бибарем.””

Беш аз ним миллиюн нафар яҳудӣ дар 100 шаҳрак дар арозии ишғолии фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ искон дода шудаанд. Ин арозӣ дар пайи ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1967 ба ишғоли Исроил даромад.

Исроил Байтулмуқаддасро "пойтахти якпорчаи" худ мехонад, ки мавриди қабули фаластиниён нест.

Вазири маскани Исроил гуфтааст, ки ҳудуди 800 дастгоҳ опортумон дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва ҳудуди 400 дастгоҳи дигар дар чандин шаҳраки бузург дар Каронаи Бохтарӣ сохта мешавад.

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони фаластинӣ пештар борҳо гуфта буд, ки дар сурате ки Исроил тавсеъаи шаҳракҳои яҳудинишинро мутаваққиф накунад, ҳозир ба аз саргирии музокирот нест. Аммо дар дидори ахираш бо Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико барои оғози музокирот тавофуқ кард.

Тибқи қавонини байналмилалӣ ин шаҳракҳо ғайриқонунӣ аст, ки аз сӯи Исроил пазируфтанӣ нест.

Матолиби муртабит