Ҷон Керрӣ: Музокиракунандагони исроилӣ ва фаластинӣ баъд аз ду ҳафта дубора мулоқот мекунанд

  • 31 Июл, 2013

Як рӯз пас аз оғози даври ҷадиди музокироти сулҳи Ховари Миёна дар Вошингтун, Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, бо музокиракунандагони фаластинӣ ва исроилӣ дидор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба дунболи дидори рӯзи сешанбеи 30 июли ин музокиракунандагон, Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки даври ояндаи музокироти сулҳ тайи ду ҳафтаи оянда дар Исроил ё манотиқи фаластинӣ баргузор хоҳад шуд.

Вазири хориҷаи Омрико афзуд музокиракунандагони исроилӣ ва фаластинӣ мувофиқат кардаанд, ки дар 9 моҳи оянда бар рӯйи расидан ба тавофуқномаи ниҳоии сулҳ кор кунанд.

Оқои Керрӣ зимни мусбат ва созанда арзёбӣ кардани ин музокирот гуфтааст, ки ӯ мутақоъид шуда ин музокирот метавонад ба барқарории сулҳ мунҷар шавад. Ду тараф тавофуқ кардаанд, ки ҷузъиёти музокираро ифшо накунанд.

Рӯзи дувуми ин музокирот бо ҳузури Зипӣ Ливнӣ, вазири додгустарӣ ва сарпарасти музокироти сулҳи Исроил ва Соиб Ариқот, музокиракунандаи сулҳи фаластиниён, ки дар Вошингтун ва бо ҳузури Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, баргузор шуд..

Шаби гузашта (душанбеи 30 июл) даври ҷадиди ин музокирот пас аз се сол вақфа ва моҳҳо талошҳои диплумотики Ҷон Керрӣ , вазири хориҷаи Омрико, анҷом шуд.

Оқои Керрӣ дар панҷ моҳи гузашта дар талош барои азсаргирии ин музокирот шаш сафари расмӣ ба Ховари Миёна дошт.

Image caption Вазири хориҷаи Омрико мегӯяд танҳо роҳ барои поён додан ба буҳрон, роҳи ҳал ду кишвари мустақили фаластинӣ ва исроилӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Омрико гуфтааст, ки ҳадаф аз ин музокирот поён додан ба буҳрон дар минтақа аст. Оқои Керрӣ афзуд, ки танҳо роҳ барои поён додан ба ин буҳрон, роҳи ҳалли ду кишвари мустақили фаластинӣ ва исроилӣ аст.

Оқои Керрӣ, ки ҳудуди шаш моҳ пеш симати вазорати хориҷаи Омрикоро бар уҳда гирифт, таъйид кардааст, ки бийни ду тараф ихтилофоти умдае вуҷуд дорад ва аз онон хостааст, то барои пешрафти музокирот аз худ "мусолиҳаи маъқул" ва гузашт нишон диҳанд.

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил ва Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ мустақиман дар ин давр аз музокирот ҳузур надоранд, аммо дар нишастҳои муқаддамотӣ барои баргузории ин давр аз музокирот дар моҳҳои ахир фаъъолона мушорикат доштанд.

Вокунишҳои Ҳамос

Аз ҷумлаи мушкилоте, ки дар музокироти фаластиниён ва Исроил вуҷуд дорад, ихтилофоти дохилии фаластиниён аст, ки боъис шудааст ду "давлати" мухталиф идораи умури сарзаминҳои фаластиниро дар даст дошта бошанд.

Аз моҳи июни соли 2007 гурӯҳи исломгарои Ҳамос дар Навори Ғаза тасаллут ёфт, дар ҳоле ки Каронаи Ғарбии рӯди Урдун дар ихтиёри Ташкилоти Худгардони Фаластинии таҳти тасаллути ҷунбиши Фатҳ, ба раҳбарии Маҳмуди Аббос аст.

Бархилофи Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ, ҷунбиши Ҳамос кишвари Исроилро ба расмият намешиносад, музокироти сулҳро қабул надорад ва ҳозир нашудааст тавассул ба хушунат алайҳи Исроилро нафй кунад. Бархе аз гурӯҳҳои тундрави фаластинӣ низ, ки бо музокироти сулҳ мухолиф ҳастанд, бо баргузории тазоҳуроте тасмими Ташкилоти Худгардон ба азсаргирии музокиротро маҳкум кардаанд.

Матолиби муртабит