Нахустин даври музокироти намояндагони фаластиниён ва Исроил баргузор шуд

  • 30 Июл, 2013
аввал ва дувум аз рост: Ариқот ва Ливнӣ, аввал аз чап: Керрӣ
Image caption Даври аввали гуфтугӯ: аввал ва дувум аз рост: Ариқот ва Ливнӣ, аввал аз чап: Керрӣ

Нахустин даври гуфтугӯи сарпарастони ҳайатҳои музокиракунандаи фаластинӣ ва исроилӣ дар Вошингтун баргузор шудааст.

Шомгоҳи гузашта Зипӣ Ливнӣ, вазири додгустарӣ ва сарпарасти музокироти сулҳи Исроил ва Соиб Ариқот, музокиракунандаи сулҳи фаластиниён, ки дар Вошингтун ба сар мебаранд, нахустин даври музокироти худро бо ҳузури Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико баргузор карданд.

Зипӣ Ливнӣ, раҳбари ҳизби миёнарави "Ҷунбиш" ва узви кобинаи эътилофии Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил аст ва яке аз шароити узвияти ӯ дар кобина, азсаргирии музокироти сулҳ бо фаластиниён будааст.

Мулоқоти ду тараф шомгоҳи душанбе дар меҳмонии ифтори оқои Керрӣ дар сохтмони вазорати умури хориҷаи Омрико сурат гирифт.

Музокироти сулҳи фаластиниён ва Исроил се соли пеш ва кӯтоҳмуддате пас аз оғози зимомдории Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил дар раъси як кобинаи ростгаро ба ҳолати таълиқ даромад.

Азсаргирии музокирот ҳосили чанд моҳи талоши Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ва дидори мукаррари ӯ ва фиристодаҳои Омрико бо мақомоти Ташкилоти худгардони Фаластин ва Исроил будааст.

Оқои Керрӣ, ки ҳудуди шаш моҳ пеши симати вазорати хориҷаи Омрикоро бар уҳда гирифт, таъйид кардааст, ки байни ду тараф ихтилофоти умдае вуҷуд дорад ва аз онон хостааст то барои пешрафти музокирот аз худ "мусолиҳаи маъқул" ва гузашт нишон диҳанд.

Пеш аз мулоқоти фиристодагони ду тараф дар Вошингтун Ҷон Керрӣ ба таври ҷудогона бо сарпарастони ҳайатҳои эъзомии онҳо дидор кард.

Image caption Аббос шароити худро матраҳ кардааст

Дар меҳмонии ифтори Ҷон Керрӣ илова бар хонуми Зипӣ ва оқои Ариқот Мартин Индойк, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Исроил ва намояндаи ҷадиди вазири хориҷа дар гуфтугӯи сулҳ низ ҳузур дошт.

Нахустин дидори сарпарастони музокироти Исроил ва фаластиниён дар ҳоле баргузор шудааст, ки ду тараф дидгоҳҳои мутафовитеро дар мавриди авлавияти музокироти баъдӣ матраҳ кардаанд.

Як мақоми фаластинӣ гуфтааст, ки дар нахустин мароҳили гуфтугӯ мавзуъи марзҳои кишвари мустақили фаластинӣ ва амнияти Исроил матраҳ хоҳад шуд, дар ҳоле ки ба нақл аз як манбаъи исроилӣ гузориш шуда, ки "тамомии мавзуъот ҳамзамон" мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ихтилофоти ду тараф

Бо вуҷуди дархости Ҷон Керрӣ барои "гузашт" аз суйи ҳар ду тараф ва тавсия ба онон барои худдорӣ аз изҳори назарҳое, ки мумкин аст монеъи пешрафти ин музокирот шавад, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ дар суханоне дар Қоҳира гуфтааст, ки дар ниҳоят ҳузури ҳатто як низомӣ ё ғайринизомии исроилиро ҳам дар хоки кишвари фаластинӣ намепазирад.

Мақомоти исроилӣ таъкид доштаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз қочоқи аслиҳа ба дохили сарзаминҳои фаластинӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва ба коргирии онҳо алайҳи Исроил лозим аст воҳидҳоеро дар марзи ин арозӣ бо Урдун мустақар кунанд.

Image caption Гурӯҳҳои тундрави фаластинӣ мухолифати худро бо азсаргирии музокирот иброз доштаанд

Мақомоти фаластинӣ ҳамчунин аз давлати Исроил хостаанд то аз эҷод ва густариши шаҳракҳои яҳудинишин дар арозии ишғолии фаластинӣ худдорӣ кунанд ва шаҳракҳои эҷодшударо низ барчинанд.

Онҳо ҳамчунин хостори бозгашти Исроил ба марзҳои он кишвар қабл аз ҷанги шашрӯзаи июни соли 1967 шудаанд, аммо оқои Нетонёҳу ин назарро қобили қабул надонистааст.

Мақомоти исроилӣ бо таъкид бар ин ки барои онон "амнияти шаҳрвандони исроилӣ" дар авлавият қарор дорад, таъкид доштаанд, ки марзҳои кишвари фаластинӣ бояд ба шакле бошад, ки амнияти Исроилро ба мухотира наандозад.

Ду тараф ҳамчунин бар сари мавқеъияти Байтулмуқаддас (Урушалим) ихтилофи назари ҷиддӣ доранд.

То ҷанги соли 1967 бахши ғарбии Байтулмуқаддас дар ихтиёри Исроил ва бахши шарқии он шомили аксари амокини муқаддаси мусалмонон ва яҳудиён таҳти ҳокимият Урдун буд, аммо дар ҷараёни ҷанг нерӯҳои исроилӣ тамомии ин шаҳрро тасарруф карданд.

Фаластиниён хостори илҳоқи бахши шарқӣ ба кишвари мустақили фаластинӣ ва эҷоди пойтахти худ дар ин бахш ҳастанд, дар ҳоле ки Исроил таъкид дорад, ки "Урушалими якпорча"-ро пойтахти худ медонад ва ҳозир ба вогузории ниме аз шаҳр ба фаластиниён нест.

Мушкили дигаре, ки дар музокироти фаластиниён ва Исроил вуҷуд дорад, ихтилофи дохилии фаластиниён аст, ки боъис шудааст, ду "давлати" мухталиф идораи умури сарзаминҳои фаластиниро дар даст дошта бошанд.

Аз моҳи июни соли 2008 гурӯҳи исломгарои Ҳамос бар арозии фаластинӣ дар навори Ғазза мусаллат шуда, дар ҳоле ки Каронаи бохтарии рӯди Урдун дар ихтиёри Ташкилоти худгардони фаластинӣ таҳти тасаллути ҷунбиши Фатҳ, ба раҳбарии Маҳмуд Аббос аст.

Бар хилофи Ташкилоти худгардони фаластинӣ ҷунбиши Ҳамос, ки кишвари Исроилро ба расмият намешиносад, музокироти сулҳро қабул надорад ва ҳозир нашудааст тавассул ба хушунат алайҳи Исроилро нафй кунад. Бархе аз гурӯҳҳои тундрави фаластинӣ низ, ки бо музокироти сулҳ мухолифи ҳастанд, бо баргузории Тазоҳуроте тасмими Ташкилоти худгардон ба азсаргирии музокиротро маҳкум кардаанд.

Матолиби муртабит