Маҳмуд Аббос истеъфои нахуствазири Ташкилоти худгардони фаластиниро пазируфт

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ истеъфои Ромӣ Ҳамдуллоҳро аз мақоми нахуствазирӣ пазируфтааст.
Оқои Ҳамдуллоҳ камтар аз як моҳ буд, ки ба ин симат мансуб шуда буд.
Ба гуфтаи манобеъи давлатӣ Ромӣ Ҳамдуллоҳ рӯзи панҷшанбе (20 июн – 30 хурдод) ба иллати ихтилофи назар дар хусуси доманаи ихтиёроти нахуствазир истеъфои худро ба оқои Аббос тақдим кард.
Оқои Ҳамдуллоҳ, ки таҳсилкардаи Бритониё ва сиёсатмадоре мустақил аст, ҷонишини Салом Файёз шуд, ки дар моҳи апрел ба дунболи ихтилофи назари тулонӣ бо Маҳмуд Аббос аз мақоми худканорагирӣ кард.
Ӯ дар замоне ки ба ин симат интихоб шуд, эълом кард ки давлаташ танҳо то замони ташкили давлати ваҳдати миллӣ ба кор идома хоҳад дод.
Интихоби Ромӣ Ҳамдуллоҳ тавонист халои сиёсӣ дар Ташкилоти худгардони фаластиниро, ки бар Каронаи бохтарӣ ҳукумат мекунад, пур кунад, аммо акнун таҳлилгарон мегӯянд, ки истеъфои ӯ ибҳомотеро дар ин бора ин ки чӣ гуна метавон ин халоро бори дигар пур кард, эҷод кардааст.
Кобинаи оқои Ҳамдуллоҳ, ки ҳафтаи гузашта барои аввалин бор ташкили ҷаласа дод, умдатан аз аъзои ҳизби Фатҳ, таҳти раҳбарии оқои Аббос ташкил шуда буд.
Ҳамос, дигар ҳизби бузурги фаластинӣ гуфта буд, ки кобинаи оқои Ҳамдуллоҳ ба далели ин ки кобинаи оштии миллӣ нест, ғайриқонунӣ аст.
Ихтилофи байни ду гурӯҳи Фатҳ ва Ҳамос дар соли 2007 мелодӣ боло гирифт. Пас аз он Фатҳ кунтрули комили Каронаи бохтариро дар ихтиёр гирифт ва Ҳамос кунтрули Навори Ғаззаро.
