Вазорати хориҷаи Омрико: Мақомҳои исроилӣ ва фаластинӣ музокироти сулҳро аз сар мегиранд

  • 29 Июл, 2013

Вазорати хориҷаи Омрико дар баёнияе эълом кард мақомҳои исроилӣ ва фаластинӣ аз душанбеи 29 июл музокироти сулҳро ба сурати мустақим аз сар хоҳанд гирифт.

Музокирот ҳудуди се сол пеш мутаваққиф шуд.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико дар моҳҳои гузашта шаш бор ба минтақа сафар карда ва барои азсаргирии музокирот бо мақомҳои исроилӣ ва фаластинӣ дидор кардааст.

Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико, эълом кард, ки нахустин дидор душанбешаб дар Вошингтун анҷом гирифта ва то сешанбе идома хоҳад дошт.

Хонуми Сокӣ гуфт Ҷон Керрӣ рӯзи якшанбе бо Маҳмуди Аббос, раҳбари Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ ва Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, телефунӣ суҳбат карда ва ҳар дуи онҳо тавофуқ кардаанд душанбешаб музокирот аз сар гирифта шавад.

Дар баёнияи вазорати хориҷа ба нақл аз оқои Керрӣ омадааст: "Ҳар ду тараф нишон доданд, ки барои иттихози тасмимҳои душворе, ки барои расидан ба ин мақтаъ лозим аст, омодагӣ доранд. Мо аз раҳбарии онҳо сипосгузорем."

Соъоте пеш аз интишорни баёнияи вазорати хориҷаи Омрико, давлати Исроил бо озодии беш аз 100 зиндонии фаластинӣ мувофиқат кард.

Ҳуқуқи оворагони фаластинӣ, марзҳо, шаҳракҳои яҳудинишин ва вазъияти Байтулмуқаддас ҳама аз мавзӯъҳои аслӣ барои расидан ба тавофуқи миёни ду тараф ҳастанд.

Матолиби муртабит