Омрико: Музокироти сулҳи байни Исроил ва фаластиниён мумкин аст

Ҷон Керри, вазири хориҷаи Омрико гуфтааст, ки охирин марҳалаи музокироти сулҳи миёни Исроил ва фаластиниён "бо каме талоши бештар дастёфтанӣ аст."
Ин дар ҳоле аст ки Соиб Ариқот, музокиракунандаи фаластиниён гуфта, ки пешрафте дар ин маврид сурат нагирифтааст.
Оқои Керри бо лағви сафараш ба Абудабӣ дар рӯзи гузашта (шанбеи 29 июн) ба маъмурияти худ барои шуруъи муҷаддади музокироти сулҳ идома дод.
Ӯ зарфи се рӯзи гузашта музокироте бо Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони фаластинӣ ва Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил анҷом дод.
Вазири хориҷаи Омрико зимни "мусбат ва муфид" донистани музокироти ахир гуфт, ки "ҳанӯз байни Исроил ва фаластиниён шикоф" вуҷуд дорад.
Оқои Керри қабл аз тарки минтақа дар ҷамъи хабарнигорон дар Тел Овив гуфт: "Хушҳолам, ки бигӯям дар ин сафар ба пешрафте воқеъӣ расидем ва муътақидам, ки бо каме талош метавон ба шуруъи даври ниҳоии музокирот умедвор буд."
Муҳимтарин монеъ дар аз саргирии музокироти сулҳ марбут ба мавзеъи Исроил дар мавриди таваққуфи шаҳраксозӣ дар арозии ишғолӣ ба унвони пешшарти музокирот мешавад.
Аммо Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил дар ҷараёни нишасти имрӯзи кобина гуфт, ки Исроил монеъе дар мавриди аз саргирии муҷаддади музокирот эҷод накардааст.
Гуфта шуда дархости раиси ташкилоти худгардони фаластинӣ мабнӣ бар озодии зиндониёне, ки муддатҳост дар зиндонҳои Исроил ба сар мебаранд, яке дигар аз мавонеъ дар аз саргирии музокирот аст.
Ду даҳа музокира байни Исроил ва фаластиниён то кунун ба натиҷае нарасида ва охирин бор ин музокирот дар соли 2010 медодӣ баргузор шуд.
