Вазири хориҷаи Омрико: Шаҳраксозӣ набояд музокироти сулҳро ба мухотира андозад

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико бо "ғайримашруъ" хондани эҷоди шаҳракҳои яҳудинишин гуфтааст, ки тасмими ахири Исроил дар тавсеъаи ин шаҳракҳо набояд монеъи идомаи музокироти сулҳи Ховари Миёна шавад.
Бо вуҷуди тавофуқи Исроил ва Ташкилоти худгардони фаластинӣ барои азсаргирии музокироти сулҳ бо миёнҷигарии Омрико, рӯзи якшанбеи ин ҳафта давлати Исроил эҳдоси якҳазору дувист воҳиди маскунии ҷадид дар арозии ишғолии фаластиниёнро тасвиб кард, ки бо вокуниши тунди мақомоти фаластинӣ мувоҷеҳ шуд.
Ин сохтмонҳо дар бахшҳе аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва бахши шарқии Байтулмуқаддас эҳдос мешавад, ки дар ҷараёни ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1967 ба тасарруфи артиши Исроил даромад.
Оқои Керрӣ, ки ба кишвари Кулумбиё сафар карда, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки мусаввабаи давлати Исроил "то ҳудуде қобили пешбинӣ" буд ва афзуд ки "мутталеъ будем, ки қарор аст сохтмонсозӣ дар бархе манотиқ идома ёбад ва фикр мекунам, ки фаластиниён ин мавзуъро дарк мекунанд."
Вазири хориҷаи Омрико афзуд, ки як бахш аз ин мусавваба "дур аз интизор" буда ва ин мавзуъ дар ҳоли ҳозир мавриди баррасӣ аст.
Гуфта шудааст, ки тасмими давлати Исроил ба далели пофишории аҳзоби ростгарои узви кобинаи эътилофии Бинёмин Нетонёҳу иттихоз шудааст.
Ин гурӯҳ аз аъзои кобинаи Исроил бо шароити аз саргирии музокироти сулҳ аз ҷумла озод кардани гурӯҳе аз зиндониёни фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил ҳам мухолифат кардаанд.
Шаҳраксозӣ ва музокироти сулҳ
Сохтусоз ва сукунати исроилиҳо дар арозии ишғолӣ дар ҷанги июни соли 1967, ки ба эҷоди шаҳракҳои яҳудинишин мавсум аст, аз ҷумлаи мавонеъи аслӣ бар сари роҳи музокироти сулҳи фаластиниён ва Исроил будааст. Ин музокирот аз се соли пеш камобеш мутаваққиф буда ва ахиран ба ибтикори вазири хориҷаи Омрико аз сар гирифта шудааст.
Фаластиниён ин арозиро бахше аз кишвари мустақили фаластинӣ маҳсуб мекунанд ва қавонини байналмилалӣ низ тағйир дар арозии ишғолӣ дар ҷангро мамнуъ кардааст.
Як рӯз пас аз интишори хабари тасвиби густариши шаҳракҳои яҳудинишин давлати Исроил дар иҷрои тавофуқи аз саргирии музокироти сулҳ феҳристи асомии бисту шаш зиндонии фаластиниро мунташир кард, ки қарор аст аз зиндон озод шаванд.
Исроил ин афродро ба иқдомоти "терруристӣ" ва қатли шаҳрвандони исроилӣ муттаҳам ва ононро ба давраҳои тулонии ҳабс маҳкум карда буд.
Оқои Керрӣ аз ду тараф хостааст то ҳамчунон ба даври ҷадиди музокироти сулҳ пойбанд боқӣ бимонанд ва ба "масоили сиёсии" мавриди ихтилоф монанди амнияти Исроил ва марзҳои кишвари фаластинӣ бипардозанд.
Вай гуфт: "Пас аз ин ки мавзуъи амният ва марзҳо ҳаллу фасл шуд, метавон масъалаи шаҳраксозӣро низ ҳал кард ва ба ҳамин далел ҳам ман аз ҳар ду тараф мехоҳам ба иқдомоти тарафи дигар вокуниши таҳрикомез нишон надиҳанд ва аз иқдомоти таҳрикомез худдорӣ варзанд."
