Вазири хориҷаи Омрико: Шаҳраксозӣ набояд музокироти сулҳро ба мухотира андозад
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, бо "ғайримашрӯъ" хондани эҷоди шаҳракҳои яҳудинишин гуфтааст, ки тасмими ахири Исроил дар тавсеъаи ин шаҳракҳо набояд монеъи идомаи музокироти сулҳи Ховари Миёна шавад.
Бо вуҷуди тавофуқи Исроил ва Ташкилоти худгардони фаластинӣ барои азсаргирии музокироти сулҳ бо миёнҷигарии Омрико, рӯзи якшанбеи ин ҳафта давлати Исроил эҳдоси як ҳазору дувист воҳиди маскунии ҷадид дар арозии ишғолии фаластиниёнро тасвиб кард, ки бо вокуниши тунди мақомоти фаластинӣ мувоҷеҳ шуд.
Ин сохтмонҳо дар бахшҳое аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва бахши шарқии Байтулмуқаддас эҳдос мешавад, ки дар ҷараёни ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1927 ба тасарруфи артиши Исроил даромад.
Оқои Керрӣ, ки ба кившари Куламбиё сафар карда дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки мусаввабаи давлати Исроил "то ҳудуде қобили пешбинӣ буд" ва афзуд, ки "муталеъ будем, ки қарор аст сохтмонсозӣ дар бархе манотиқ идома ёбад ва фикр мекунам, ки фаластиниён ин мавзӯъро дарк мекунанд."
Вазири хориҷаи Омрико афзуд, ки як бахш аз ин мусавваба "дур аз интизор" буда ва ин мавзӯъ дар ҳоли ҳозир мавриди баррасӣ аст.
Гуфта шудааст, ки тасмими давлати Исроил ба далели пофишории аҳзоби ростгарои узви кобинаи эътилофии Бинёмин Нетонёҳу иттихоз шудааст.
Ин гурӯҳ аз аъзои кобинаи Исроил бо шароити азсаргирии музокироти сулҳ, аз ҷумла озод кардани гурӯҳе аз зиндониёни фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил ҳам мухолифат кардаанд.
