Исроил беш аз ҳазор воҳиди маскунии ҷадид дар шаҳракҳои яҳудинишин месозад

Давлати Исроил тарҳи сохти беш аз як ҳазор воҳиди маскунии ҷадидро дар шаҳракҳои яҳудинишин дар арозии ишғолии фаластинӣ таъйид кардааст.
Юри Ориел, вазири маскани Исроил гуфтааст, ки ин воҳидҳои маскунӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ сохта мешаванд.
Ин иқдом се рӯз монда ба аз саргирии гуфтугӯи сулҳи миёни Исроил ва Фаластиниён сурат мегирад. Қарор аст музокираи мустақим, ки аз сентябри 2010 мутаваққиф монда буд дар Байтулмуқаддас баргузор шавад.
Барои оғози ин музокирот Исроил бо озодии беш аз сад зиндонии фаластинӣ мувофиқат кардааст, ки қарор аст нахустин гурӯҳ аз онҳо рӯзи 13 август озод шаванд.
Беш аз ним миллиюн нафар яҳудӣ дар 100 шаҳрак дар арозии ишғолии фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ искон дода шудаанд. Ин арозӣ дар пайи ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1967 ба ишғоли Исроил даромад.
Исроил Байтулмуқаддасро "пойтахти якпорчаи" худ мехонад, ки мавриди қабули фаластиниён нест.
Оқои Ориел гуфтааст, ки ҳудуди 800 дастгоҳ опортумон дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва ҳудуди 400 дастгоҳи дигар дар чандин шаҳраки бузург дар Каронаи Бохтарӣ сохта мешавад.
Ӯ гуфт: "Ҳиҷ кишвар дар дунё аз кишваре дигар дастур намегирад, ки куҷо хона бисозад ва куҷо насозад."
Оқои Ориел гуфт: "Мо ба хонасозӣ дар тамоми кишвар идома медиҳем.. . . .. дар ҳоли ҳозир ин тасмими дурусте барои саҳюнизм ва иқтисод аст."
Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони фаластинӣ пештар борҳо гуфта буд, ки дар сурате ки Исроил тавсеъаи шаҳракҳои яҳудинишинро мутаваққиф накунад, ҳозир ба аз саргирии музокирот нест. Аммо дар дидори ахираш бо Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико барои оғози музокирот тавофуқ кард.
Тибқи қавонини байналмилалӣ ин шаҳракҳо ғайриқонунӣ аст, ки аз суи Исроил пазируфтанӣ нест.
