Исроил дувумин гурӯҳ аз зиндониёни фаластиниро озод кард

Давлати Исроил дар чаҳорчӯби гуфтугӯҳои сулҳ 26 зиндонии фаластиниро озод кард. Ин дувумин гурӯҳ аз чаҳор гурӯҳи зиндонӣ аст, ки Исроил тавофуқ карда, озод кунад.
Панҷ тан аз ин зиндониён дар Ғазза озод шудаанд ва 21 тан ҳам ба Каронаи Бохтарӣ фиристода шудаанд.
Ин афрод ҳамагӣ бо иттиҳоми қатл ба муҷозоти зиндон маҳкум шуда буданд ва байни 19 то 28 солро дар ҳабс гузарондаанд.
Мақомоти исроилӣ ва фаластинӣ дар моҳи августи имсол ва пас аз се сол вақфа музокироти сулҳро дар Байтулмуқаддас аз сар гирифтаанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ аз Каронаи Бохтарии рӯди Урудун гузориш медиҳад, ки озодшудагон дар онҷо ба унвони "зиндонии сиёсӣ" ва қаҳрамонони наҳзати фаластинӣ шинохта мешаванд.
Аммо дар сӯйи дигар, озодии ин зиндониён интиқодҳои густардае дар афкори умумии Исроил барангехтааст.
Ин гурӯҳ аз зиндониёни фаластинӣ, дар нимашаби чаҳоршанбеи 30 октябр озод шуданд.
Дар Ғазза бо оташбозӣ аз ин гурӯҳ истиқбол шуд. Дар Каронаи Бохтарӣ онҳоро ба Ромаллоҳ бурданд ва Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин аз онон истиқбол кард.
Оқои Аббос дар суханоне дар ҳузури ҷамъияти фаровоне аз истиқболкунандагон гуфт, ки гурӯҳи баъдии зиндониёни фаластинӣ дар ду моҳи оянда озод мешаванд.
Раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин ҳамчунин шоеъотро дар ин бора рад кард, ки тавофуқ барои озодии зиндониён, дар изои пазируфтани тадовуми шаҳраксозии исроилиҳо дар манотиқи ишғолӣ ба даст омадааст.
Мухолифати тундравҳои давлати Исроил
Озодии ин зиндониён дар эътилофи давлати Исроил ҳам танишсоз будааст. Аҳзоби ростгарои тундрав талош карданд ин озодӣ сурат нагирад ва албатта дар ин замина муваффақ нашуданд.
Каме пас аз озодии ин гурӯҳ аз зиндониёни фаластинӣ расонаҳои исроилӣ гузориш додаанд, ки давлат эълом карда 1500 хонаи ҷадид дар шаҳракҳои шарқи Байтулмуқаддас бино мекунад.
Ин иқдом ба унвони талоше барои ором кардани тундравҳо дар кобинаи Исроил таъбир шудааст.
Музокироти сулҳи Исроил ва фаластиниён дар соли 2010 ва дар пайи азсаргирии шаҳраксозии исроилиҳо дар манотиқи ишғолӣ мутаваққиф шуда буд.
Гурӯҳе аз бастагони қурбониёни амалиётҳое, ки ин афрод дар он даст доштанд, аз додгоҳи олии Исроил хоста буданд ҷилави озодии ононро бигирад, вале ин додгоҳ дархостҳоро дар ин бора рад кард.
Дар рӯзҳои ахир тазоҳуроти густардае дар Исроил дар эътироз ба озодии ин гурӯҳ шакл гирифта буд. Тазоҳуркунандагон плокордҳое ба даст доштанд, ки рӯи онҳо навишта шуда буд: "Марг бар ҷониён"
Нахустин гурӯҳ аз зиндониёни фаластинӣ ҳудуди яку ним моҳ пеш дар миёнаи моҳи август озод шуданд.
Он замон ҳам давлати Исроил эълом кард, ки ба эҳдоси 1000 хонаи ҷадид дар шаҳракҳои яҳудинишин дар арозии фаластинӣ муҷаввиз додааст.
Ин тасмим вокунишҳои тунди фаластиниҳоро барангехт.
Исроилиҳо мегӯянд заминҳое, ки ин хонаҳо дар онҳо бино мешавад, бахше аз ҳар гуна мувофиқати арзии эҳтимолӣ бо фаластиниҳо дар оянда ҳастанд.
Ҳудуди ним милюн нафар яҳудӣ дар беш аз сад шаҳрак дар арозии фаластинӣ зиндагӣ мекунанд. Ин шаҳракҳо аз замони ишғоли Каронаи Бохтарӣ ва шарқи Байтулмуқаддас пас аз ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1967 то кунун эҳдос шудаанд.
Тибқи қавонини байналмилалӣ ин шаҳракҳо ғайриқонунӣ ба ҳисоб меоянд, аммо Исроил ин мавзӯъро намепазирад.
