Исроил аввалин гурӯҳи зиндониёни фаластиниро озод кард

  • 14 Август, 2013
Image caption Бо навохтани найанбон аз зиндониёни фаластинӣ истиқбол шуд

Давлати Исроил дар чорчӯби гуфтугӯҳои сулҳ 26 зиндонии фаластиниро озод кардааст.

Ин зиндониён, ки ағлаб беш аз 20 сол дар ҳабс буданд, шомгоҳи сешанбеи 13 август дар минибусҳое бо шишаҳои дудӣ аз зиндон берун бурда шуданд.

Аз ин идда 15 нафар аз онон ба Ғазза ва 11 нафари дигар ба Каронаи Бохтарӣ мунтақил шуданд.

Ин зиндониён дар ҳоле озод шуданд, ки муҷаввизи тозаи давлати Исроил барои эҳдоси 1000 хонаи ҷадид дар шаҳракҳои яҳудинишин дар арозии фаластинӣ, вокуниши тунди фаластиниҳоро барангехтааст.

Исроилиҳо мегӯянд заминҳое, ки ин хонаҳо дар онҳо бино мешавад, бахше аз ҳар гуна мувофиқати арзии эҳтимолӣ бо фаластиниҳо дар оянда ҳастанд.

Ду ҳафта пеш фаластиниҳо ва Исроил баъд аз се сол музокироти мустақимро аз сар гирифтанд.

Даври дигаре аз гуфтугӯҳо қарор аст рӯзи чаҳоршанбе дар Байтулмуқаддас оғоз шаванд.

"Қаҳрамон" ва "терурист"

Image caption Гурӯҳе аз ҳомиёни қурбониёни ҳамалоти фаластиниҳо мухолифи озодии ҳамаи ин зиндониён буданд.

Онон дар соъоти охари шаб дар минибусҳое бо шишаҳои сиёҳ аз зиндони Иёлун берун бурда шуданд. то ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, фурсати камтаре барои ибрози пирӯзӣ ва худнамоӣ ба онҳо дода шавад.

Хабарнигори Би-би-сӣ аз Каронаи Бохтарӣ гузориш додааст, ки ин асирони озодшуда дар миёни фаластиниён ба унвони қаҳрамонони наҳзат шинохта мешаванд, аммо ағлаби исроилиҳо ононро терурист медонанд.

Онон ағлаб ба ҷурми даст доштан дар амалиётҳои хунбор ба муҷозотҳои сангин маҳкум шуда буданд ва дар замони интиқоли ин идда гурӯҳи кучаке аз муътаризони исроилӣ берун аз зиндон ҷамъ шуда буданд ва замоне ки минибусҳо рад мешуданд, ҳаёҳу карданд ва ҳамчунин талоше ҷузъӣ барои бастани роҳи убури ин минибусҳо карданд.

Бастагон ва дӯстони асирони озодшуда дар марзи Ғазза ва марзи Каронаи Бохтарӣ ҷамъ шуда буданд ва гурӯҳҳои мусиқӣ бо навохтани таблу най дар муқобили ҷамъияте, ки парчами фаластинро такон медод, аз озодшудагон истиқбол кардаанд.

Он гурӯҳ аз ин зиндониён, ки ба Каронаи Бохтарӣ бурда шуданд, мустақиман ба маросими ҷашнӣ рафтанд, ки бо ҳузури Маҳмуди Аббос барои озодии ин зиндониён баргузор шуд.

Идораи зиндони Исроил номи ин зиндониёнро каме баъд аз нимашаби якшанбе эълом кард ва ба хонаводаи онон 48 соъат муҳлат дод мадорики қонунии лозимро ба додгоҳи олии Исроил ироа кунанд.

Додгоҳи олӣ рӯзи сешанбе дархости як гурӯҳ аз ҳомиёни қурбониёни ҳамалоти фаластиниҳоро дар мухолифат бо озодии ҳамаи ин зиндониёнро рад кард.

Давлати Исроил бо озодии 74 зиндонии фаластинӣ ва араби исроилии дигар ҳам мувофиқат кардааст, ки дар 9 моҳи оянда озод мешаванд.

Як рӯз пас аз вокуниши баҳсбарангез

Image caption Омрико мегӯяд шаҳраксозии исроилиҳо дар арозии фаластинӣ "номашрӯъ" аст

Бо вуҷуди хушнудии фаластиниҳо аз озодии ин гурӯҳ аз зинониён нигарон ҳастанд, ки музокироти рӯзи чаҳоршанбе таҳти таъсири муҷаввизи ахири Исроил ба хонасозиҳои ҷадид дар арозии фаластинӣ қарор гирад.

Ин зиндониён як рӯз пас аз муҷаввизи давлати Исроил барои эҳдоси 1000 хонаи ҷадид дар шаҳракҳои яҳудинишин дар арозии фаластинӣ озод шудаанд.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, эҷоди шаҳракҳои яҳудинишинро "номашрӯъ" хонда ва гуфтааст, ки тасмими ахири Исроил дар тавсеъаи ин шаҳракҳо набояд монеъи идомаи музокироти сулҳи Ховари Миёна шавад.

Оқои Керрӣ гуфтааст ба рағми ин муҷаввизи давлати Исроил тарафи фаластинӣ ба гуфтугӯҳо идома медиҳад.

Бо вуҷуди тавофуқи Исроил ва Ташкилоти худгардони фаластинӣ барои азсаргирии музокироти сулҳ бо миёнҷигарии Омрико, рӯзи якшанбеи ин ҳафта давлати Исроил эҳдоси як ҳазору дувист воҳиди маскунии ҷадид дар арозии ишғолии фаластиниёнро тасвиб кард, ки бо вокуниши тунди мақомоти фаластинӣ мувоҷеҳ шуд..

ҳудуди ним милюн нафар яҳудӣ дар беш аз яксад шаҳрак дар арозии фаластинӣ зиндагӣ мекунанд. Ин шаҳракҳо аз замони ишғоли Каронаи Бохтарӣ ва шарқи Байтулмуқаддас пас аз ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1967 то кунун эҳдос шудаанд.

Тибқи қавонини байналмилалӣ ин шаҳракҳо ғайриқонунӣ ба ҳисоб меоянд, аммо Исроил ин мавзӯъро намепазирад.

Матолиби муртабит