Тавқифи киштии 'ҳомили силоҳ аз Эрон' ёдовари моҷарои 'Корин О'

  • 6 Март, 2014
Image copyrightr
Image caption Танҳо 26 рӯз баъд аз воқеъаи киштии "Корин О" буд, ки Ҷурҷ Буш дар суханоне ғайримунтазира Эронро узви "меҳвари шарорат" донист.

Изҳороти имрӯзи мақомоти исроилӣ дар мавриди тавқифи як "киштии ҳомили силоҳ аз Эрон", ки тавассути давлати Эрон такзиб шуда, бо моҷарои "киштии Корин О" дар январи 2002 шабоҳате таъаммулбарангез дорад.

Дар он замон низ дуруст монанди имрӯз, дар миёнаи фароянди ларзони танишзудоӣ миёни давлати ислоҳталаб ва Иёлоти Муттаҳида, исроилиҳо хабар аз кашфи як киштии "аслиҳаи эронӣ" дар дарёи Сурх доданд, ки озими Ғазза будааст. Моҷарое, ки баъдҳо ба "парвандаи Корин О" маъруф шуд.

Интишори хабари киштии Корин О, ки дуруст монанди имрӯз бо пӯшиши хабарии густардаи расонаҳои исроилӣ ҳамроҳ буд, бо вокуниши шадиди давлати Исроил ва сипас Иёлоти Муттаҳидаи Омрико мувоҷеҳ шуд: танҳо 26 рӯз баъд аз ин воқиъа буд, ки Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳури вақти Омрико, дар суханоне ғайримунтазира Эронро узви "меҳвари шарорат" донист.

Он чи дар ҳафтаҳо ва моҳҳои баъд ба вуқӯъ пайваст, дар як калом иборат аз нақш бар об шудани маҷмӯъаи талошҳои давлати Муҳаммад Хотамӣ барои танишзудоӣ бо Вошингтун буд.

Номгузории Эрон ба "меҳвари шарорат" пас аз он сурат гирифт, ки Ҷумҳурии Исломӣ, нафақат давлати ислоҳталаб, балки маҷмӯъаи ҳукумат ва аз ҷумла Сипоҳи Посдорон ба гунае бесобиқа бар сари Афғонистон бо Омрико ҳамкорӣ карда буданд. Дар пайи воқиъаи 11 сентябри соли 2001омрикоиҳо дар октябри ҳамон сол ба Афғонистон ҳамла карданд ва дар ҳоле ки дар шурӯъи таҳоҷуми худ нисбатан саргарм буданд, натавонистанд бо ҳамкории муттаҳидони Эрон дар он кишвар ва истифода аз ҳамкории муассири амниятӣ ва низомии Теҳрон Толибонро соқит кунанд.

Ризоият додани Оятуллоҳ Хоминаӣ ва муттаҳидонаш ба чунин сатҳе аз ҳамкорӣ бо омрикоиҳо натиҷаи талоши давлати Муҳаммади Хотамӣ буд, ки суқути Толибонро ба нафъи Эрон медонист ва илова моил ба камасар кардани талошҳои нерӯҳое дар Вошингтун буд, ки исрор доштанд бояд ҳадафи амалиёти баъдии Иёлоти Муттаҳида ба ҷойи Ироқ, Эрон бошад.

Ин воқеъият, ки алорағми ҳамкории ғайримунтазира ва ба лиҳози дохилӣ ҳазинадори Теҳрон бо Вошингтун бар сари Афғонистон, раиси ҷумҳури Омрико Эронро меҳвари шарорат донист, таъсири зеҳнии дарозмуддате бар раҳбарони Эрон гузошт. Таҳлили муҳтавои изҳороти Оятуллоҳ Хоминаӣ дар солҳои баъдӣ нишон медиҳад, ки вай дар солҳои баъд бакаррот натиҷаи сиёсати танишзудоии давлати Хотамиро ҷасур шудани омрикоиҳо ва қарор гирифтани Эрон дар меҳвари шарорат донистааст.

Наметавон бо қотеъият гуфт, ки моҷарои киштии Корин О, сохта ва пардохтаи нерӯҳое дар Эрон буд ё Исроил, вале ҳар чи буд бетардид бар "фазои сиёсии" навзуҳури миёни Эрону Иёлоти Муттаҳида ба таври муассир таъсир гузошт.

Имрӯз низ дуруст дар миёнаи талошҳои бесобиқаи як давлати Эрон барои рафъи таниш бо Иёлоти Муттаҳида, сару калаи як киштии аслиҳа дар дарёи Сурх пайдо шуда, ки аз ҳар куҷо омада бошад, метавонад бар созукори сиёсии ларзони шаклгирифтаи миёни ду давлат муассир бошад.

Дар мавриди моҷарои ахир низ шояд ҳар гуна натавон бо қотеъият қазоват кард, ки тарроҳони моҷаро дар Эрон будаанд ё Исроил. Аммо шабоҳати ин моҷаро ва парвандаи Корин О, гумоназаниҳое мушаххасро ба зеҳн мутабодир мекунад. Масалан ин ки "ҳадафи аслии" киштии имрӯз на соҳили Ғазза, балки мизи музокироти Теҳрону Вошингтун бошад.

Матолиби муртабит