Даргирӣ дар Байтулмуқаддас дар пайи қатл ва сӯзондани навҷавони фаластинӣ
Image copyrightReutersДар пайи пайдо шудани ҷанозаи нимсӯхтаи як навҷавони фаластинӣ, ки шаби гузашта рабуда шуда буд, даргириҳое дар Байтулмуқаддас байни ҷавонони фаластинӣ ва пулиси Исроил рух додааст.
Пулис ба сӯйи муътаризон норинҷаки савтӣ ва гози ашковар партоб карда ва сипас бо гӯлаҳои плостикӣ ба сӯйи онон оташ гушудааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Байтулмуқаддас мегӯяд тараддуди омбулонс дар маҳаллаи эътирозот метавонад нишонгари маҷрӯҳ шудани иддае аз муътаризон бошад.
Шаҳрдори яҳудии Байтулмуқаддас хостори хештандорӣ шудааст.
Ҷанозаи Муҳаммад Абӯхзайр, навҷавони фаластинӣ, ки шаби гузашта дар Байтулмуқаддас рабуда шуда буд, дар маҳаллаи яҳудинишини Байтулмуқаддаси Ғарбӣ тавассути пулис пайдо шуд.
Манобеъи фаластинӣ гуфтаанд, ки Муҳаммад Абӯхзайр, 16-сола, қурбонии ҳамлаи яҳудиён шудааст.
Шоҳидони рабуда шудани Муҳаммад Абӯхзайр гуфтаанд, ки се нафар ӯро дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ базӯр дар дохили як худрави сафедранг карданд.
Чанд соъат баъд пулис бадани нимсӯхтаи ӯро дар як минтақаи ҷангалӣ дар ҳошияи Байтулмуқаддаси Ғарбӣ, ки минтақаи яҳудинишини шаҳр аст, пайдо кард.
Осори хушунат ва бадрафтории физикӣ бар бахшҳое аз бадани ӯ, ки насӯхта буд, комилон мушаххас буд.
Шаҳрдори Байтулмуқаддас дар пайи эътирозоти ҷавонони фаластинӣ гуфт рабудан ва оташ задани ин навҷавон "шеваи мо нест" ва гуфт итминон дорад нерӯҳои амниятӣ афродеро, ки Муҳаммад Абӯхзайрро ба қатл расонданд, пайдо хоҳанд кард.
Маҳмуди Аббос, раиси давлати худгардони фаластинӣ, аз Бинёмин Нетонёҳу хостааст, ки одамрубоӣ ва қатли Муҳаммад Абӯхзайрро маҳкум кунад "он гуна ки мо одамрубоии се исроилиро маҳкум кардем." Дафтари Бинёмин Нетонёҳу ҳам ниҳоятан каме пас аз изҳороти Маҳмуди Аббос , қатли навҷавони фаластиниро маҳкум кард.
Аҷсоди се навҷавони исроилӣ, ки беш аз ду ҳафта қабл рабуда шуда ва рӯзи душанбе пайдо шуда буданд, дирӯз ба хок супурда шуд.
Исроил гурӯҳи фаластинии Ҳамосро дар марги ин се нафар муқассир медонад ва гуфтааст, ки Ҳамос қасоси марги ин се нафарро пас хоҳад дод.
Аммо Ҳамос дахолати худро дар қатли ин се нафар такзиб кардааст.
