Боздошти як исроилӣ ба иттиҳоми фурӯши таслиҳот ба Эрон

  • 13 Май, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Омрико мегӯяд муттаҳам дастикам дар ду маврид дар талош барои фурӯши қитаъоти мутури ҷангандаҳои Эф-4 ва Эф-12 ба Эрон даст доштааст

Як шаҳрванди Исроил ба иттиҳоми фурӯши қитаъоти низомӣ ба Эрон, аз ҷумла лавозими ядакии мутури ҷангандаҳои Эф-4 ва Эф-12 дар фурудгоҳи байналмилалии Тел-Овив боздошт шудааст.

Мақомҳои исроилӣ мегӯянд, ки боздошти ин марди 64-сола ба дархости давлати Омрико анҷом шудааст.

Номи муттаҳам, ки бинобар гузоришҳо рӯзи душанбе боздошт шуд, ҳанӯз эълом нашудааст.

Бино бар гузоришҳо, парвандае кайфарӣ алайҳи муттаҳами исроилӣ дар додгоҳи федероли иёлати Конетикот дар ҷараён аст ва мақомҳои қазоии Омрико ба дунболи истирдоди ӯ ҳастанд.

Омрико мегӯяд муттаҳам бо нақзи таҳримҳои Эрон , қавонини федероли Иёлоти Муттаҳидаро зери по гузоштааст.

Тиҷорати "ғариқонунии" бо Эрон содироти қатаъоти низомӣ ба Эрон ва пулшӯйӣ аз иттиҳомоти ин фард аст.

Мақомҳои эронӣ ҳанӯз дар бораи ин матлаб ки аз як исроилӣ қитаъоти низомӣ харидаанд, изҳори назаре накардаанд.

Ин хабар дар ҳоле эълом мешавад, ки давлати Исроил сахт дар талош аст аз коҳиши таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон ҷилавгирӣ кунад.

Мақомҳои қазоии Иёлоти Муттаҳида дар кайфархости худ гуфтаанд, ки муттаҳам байни солҳои 2000 то 2004 ба Эрон қитаъоти низомӣ ирсол мекард.

Ба гуфтаи онҳо, ӯ ҳамчунин байни солҳои 2011 то 2013 дастикам ду маврид дар талош барои фурӯши қитаъоти мутури ҷангандаҳои Эф-4 ва Эф-12 ба Эрон даст доштааст.

Ин ҳавопаймо сохти Омрико ҳастанд ва дар даврони ҳукумати Муҳаммадризошоҳ Паҳлавӣ ба Эрон фурӯхта шуда буданд, вале пас аз инқилоб Омрико аз ирсоли қитаъоти ядакии ин ҷангандаҳо ба Эрон худдорӣ кард.

Омрико ҳамчунин фурӯши ҳар гуна қитаъоти низомӣ ва таслиҳоти сохти ин кишвар тавассути ширкатҳо ё кишварҳои дигар ба Эронро мамнӯъ кардааст.

Дар моҳи феврали имсол расонаҳои Юнон аз эҳтимоли даст доштани ду исроилӣ дар ирсоли қитаъоти низомӣ ба Эрон хабар дода буданд.

Дар он замон гузориш шуда буд, ки дар солҳои 2012 ва 2013 маъмурони гумруки Юнон маҳмулаҳои қитаъоти мутурҳои ҷет кашф карда буданд, ки ба як ширкати сурии юнонӣ ва дар асл ба ду шаҳрванди Исроил таъаллуқ дошта ва қарор будааст ба Эрон ирсол шавад.

Ба назар мерасад, ки боздошти рӯзи душанбеи шаҳрванди Исроил дар фурудгоҳи Тел-Овив ба маҳмулаи забтшуда дар Юнон иртибот дошта бошад.

Мақомҳои омрикоӣ гуфтаанд, ки муттаҳам дар мавриди фурӯши ғайриқонунии силоҳ собиқа дорад.

Матолиби муртабит