Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазза 9 кушта баҷой гузошт

Нуҳ пайкорҷӯи фаластинӣ дар ҳамлаи ҳавоии Исроиоил ба Ғазза кушта шуданд.
Бумборони Исроил пас аз идомаи партоби рокет аз Ғазза ба Исроил оғоз шуд.
Ҳамос таъйид кардааст, ки шаш тан аз пайкорҷӯёнаш дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии Исроил ба як “маҳалли таҷаммуъ” дар ҷануби Ғазза кушта шудаанд.
Се нафари дигар дар макони дигаре кушта шуданд
Ҳамос гуфтааст, ки Исроил барои куштани ин афрод муҷозот хоҳад шуд.
Артиши Исроил дар як паёми камсобиқа мустақиман хитоб ба Ҳамос эълом кардааст, ки моил ба афзоиши танишҳо нест, бо ин ҳол ҳузури сарбозони исроилӣ дар наздикии марзи Ғазза афзоиш ёфтааст.
Таниши миёни ду тараф пас аз кушта шудани Муҳаммад Абӯхзайр, навҷавони фаластинӣ, афзоиш ёфт.
